Муҳорибаи дуюми Муин Ғафуров дар UFC 

Варзишгари номдори тоҷик Муин Ғафуров рақобати дуюми худро бо варзишгари фаронсавӣ Тейлор Лапилус дар ташкилоти UFC мегузаронад.

Муҳорибаи Муин Ғафуров ва Тейлор Лапилус дар вазни 61 килограмм рӯзи дуюми сентябр доир мегардад.

Муин Ғафуров муҳорибаи дуюмашро дар ташкилоти UFC мегузаронад, вале ҳарифаш пас аз ҳафт сол боз ба ин ташкилот баргаштааст. Яъне, ӯ варзишгари ботаҷриба буда, як сол дар ташкилоти UFC фаъолият карда, пасон дар дигар майдонҳо ҷангидааст.

Дар корномаи варзишии Муин 18 ғалабаву 5 бохт ва дар корномаи ҳарифаш бошад, 18 ғалабаву 3 бохт сабт шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Муин Ғафуров дар муҳорибаи аввалинаш дар ташкилоти UFC аз ҳарифи амрикоии худ бо қарори доварон мағлуб гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *