толеънома

Толеъномаи 7-уми июли соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ҳамаи корҳои ба дӯш гирифтаатонро ба осонӣ анҷом дода, барои истироҳату фароғат фурсат пайдо мекунед. Фикрҳои нодурустро аз сар дур кунед ва барои болидаруҳӣ дар суҳбати одамони зиндадил бештар нишинед. Шомро ҳамроҳи дӯстон гузаронед, вале ба хона занг зада, аз дер баргаштанатон хабардор кунед. Вагарна айшатонро ҷанҷолҳои хонаводагӣ талх хоҳанд кард.

Савр (21 апрел22 май)

Рӯз барои шумо ба маънои томаш пурбарор мешавад. Ҳар мулоқоту муоширате бароятон манфиатбор хоҳад шуд. Бурди хурде, ки имрӯз ба даст меоред, шуморо як қадами дигар ба мақсадатон наздиктар хоҳад кард. Барои хариди калон низ рӯзи мутобиқ аст. Дар муомила бо наздикон низ ягон камбудие дида намешавад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Имрӯз худро зиёд мустақил нишон дода, бо шариконатон муомилатонро бад накунед. Зеро бо мушкилоте рӯ ба рӯ мешавед, ки дар танҳоӣ ҳал карданашон мушкил аст. Аз рафтан ба маҷлису маъракаҳо ва ҷойҳои серодам худдорӣ намоед. Бастани ҳама гуна шартномаҳоро низ тавсия намедиҳем. Хавфи фиреб хӯрдан ё дуздида шудани пулатон вуҷуд дорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз бояд ҳамаҷиҳата эҳтиёткор бошед. Аз сухан ва амалҳои дар сари қаҳру ғазаб гуфтаатон баъдан пушаймон хоҳед шуд. Ягон навгонӣ ё санҷиши чизҳои ношиносро имрӯз анҷом надиҳед. Вақтҳои охир ҳамеша як мушкиле дар оилаи шумо ҳаст. Агар хубтар фикр кунед, манбаи онро пайдо карда, оромиву якдигарфаҳмиро барқарор мекунед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз бояд пеш аз ҳама фикри саломатиатонро кунед. Бештар истироҳат намоед ва камтар дар фикри мушкилоти иқтисодиатон бошед. Бо ҳамсар ва фарзандонатон ба тамошои табиат бароед. Ба аёдати падару модар равед. Анҷоми ҳама корҳои мушкилро ба рӯзи дигар гузоред. Барои рафтан ба тӯю маъракаҳо рӯзи мувофиқ нест.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Нимаи аввали рӯз дарди зиёди сар шуморо азият медиҳад. Ин таъсири бехобии дирӯза буда, бояд барои табобаташ аз гиёҳҳои табиӣ истифода кунед. Нимаи дувуми рӯз ба аёдататон шахсе меояд, ки боиси нобарории корҳоятон хоҳад гашт. Сумбулаҳои оиладор беҳтараш аз мулоқотҳои пинҳонии ошиқона даст кашанд.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳарчанд дар кӯча бо ёру рафиқон ва одамони ношинос хушчақчақу ширинсухан ҳастед, бо ҳамсар ва наздикон баръакс рафтор мекунед. Маҳз ҳамин хислататон шуморо дар чашми наздикон бад мекунад. Имрӯз аз аспи ғурур фароед ва бо ҳамсафари ҳаётиатон меҳрубон бошед. Фаромӯш накунед, ки дар ҳолати тангдастӣ маҳз ӯ дастгири шумо хоҳад буд, на зебосанамҳои кӯчагӣ.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Мушкилоте, ки нимаи аввали рӯз шуморо азият медиҳанд, пас аз низфирӯзӣ бо кумаки яке аз наздиконатон ҳал мешаванд. Дар ҷодаи ишқу муҳаббат имрӯз шуморо нокомиву нобарорӣ интизор аст. Дӯстдоштаатон аз рашку ҷанҷоли зиёди шумо хаста шудаву кайҳо боз ишқи дигареро дар дил мепарварад. Шомро беҳтараш дар иҳотаи наздикон гузаронед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзатон бо ташвишу серкорӣ оғоз меёбад. Тайёрӣ ба ташрифи меҳмонҳо аз роҳи дур вақти зиёдатонро мегирад ва ба дидорбинии дӯстатон рафта наметавонед. Меҳмонҳо бо худ хабарҳои хуш оварда, табъи азизонатонро хуш месозанд. Шом пеш аз хоб каме гардиш кунед ва ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед. Рӯз барои рафтан ба бозору мағоза мусоид нест.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз аз сафари роҳи дур ва умуман мошинсаворӣ худдорӣ намоед, беҳтар аст. Зеро хавфи ба садама дучор шуданатон зиёд аст. Дӯстдоштаатон ба шумо хабари ғайриоддиеро мерасонад. Чӣ гуна истифода бурдани он аз худатон вобаста аст. Ҷаддиҳои муҷаррадро вохӯриҳои хотирмону мулоқотҳои ошиқона мунтазир аст. Саломатиатон шуморо имрӯз ташвиш намедиҳад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Аввали рӯз чун ҳамеша муқаррарӣ мегузарад. Вале нимаи дувуми он саломатии ҳамсафари ҳаётиатон якбора бад шуда, шуморо ба ташвиш мегузорад. Барои ҳалли мушкилоти молӣ аз рафиқатон кумак пурсиданатон лозим меояд. Асосаш, руҳафтода нашавед, зеро дастгирии маънавии шумо ба фарзандон аз дигар вақт бештар зарур аст. Чуноне мегӯянд, банда ба умед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз дар ҳолати мастӣ ба азизи дилатон хиёнат мекунед ва ин хатои худро дарк карда, азоби руҳӣ мекашед. Сирру асрори дигаронро фош накунед, то асроратон пинҳон монад. Кунҷкобии аз ҳад зиёд боиси дарди сар хоҳад шуд. Бинобар ин, биниатонро ба кори дигарон нахалонед ва аз паси зиндагии хеш шавед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *