Толеъномаи 8-уми феврали соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз хӯрокҳои зудтайёрро истеъмол накунед, вагарна чанд рӯзи дигар аз дарди меъда азият мекашед. Барои муътадил нигоҳ доштани вазъи молиявӣ бояд пули худро захира намоед. Ҳамалҳое, ки роҳи муросоро намедонанд, дучори муноқишаву зиддият мегарданд. Нисбати нафаре, ки дӯсташ медоред, дағалиро раво набинед, вагарна ранҷишро аз дили ёр бо душворӣ мебароред.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз дучори ҳодисаҳои ногувор шуда метавонед. Агар роҳбарияти коргоҳ пешравиҳои коратонро сари вақт дида тавонад, даромади иловагӣ ба даст оварда метавонед. Дар ҷодаи муҳаббат ба сифатҳои беҳтарини шахсе, ки дӯсташ медоред, диққат диҳед. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале баъди нисфирӯзӣ ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Мушкилоти асосиятон дар ин рӯз ҳаллу фасл намудани масъалаҳои молиявӣ мегарданд. Агар ҳаҷми даромади пулиятон ҳамин тавр боқӣ монад, захира карданро сар кунед. Аз нафароне, ки замоне аз шумо рӯй гардонидаанд, кумаки маънавӣ напурсед. Ба доми хушомадгӯйҳо наафтед. Нафарони муҷаррадро шиносоии тақдирсоз болу пар мебахшад.
Саратон (22 июн-22 июл)
Воқеаҳои имрӯз боиси асабоният ва табъи хираи шумо мегарданд. Ба хотири ба даст овардани маблағи зиёд ба корҳои хатарнок даст назанед. Вале дар ҷодаи муҳаббат ба хотири шод сохтани хотири нафаре, ки дӯсташ медоред, аз қоидаву амалҳои ҷорӣ даст кашида, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳед.
Асад (23 июл-23 август)
Дар иҷро намудани вазифаву уҳдадориҳои худ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳед. Аз ҷониби наздикон фишор ҳис кунед ҳам, ба ҷангу ҷанҷол роҳ надиҳед, вале хомӯш низ наистед. Мушкилиҳои молиявӣ бобарор рафъ мегарданд. Аз машқҳои варзишӣ ва ҳаммоми гарм худдорӣ намоед, вагарна нотоб мегардед. Ба дӯстдоштаи худ дурӯғ нагӯед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Дар бораи ҳолати молиявии худ барои рӯзҳои минбаъда андеша карданатон лозим аст. Агар аз имрӯз сар карда, барои рӯзи мабодо пул ҷамъ карданро сар кунед, дар оянда чандин мушкилоти худро рафъ месозед. Бегоҳирӯзӣ аз пурхӯрӣ ва муносибати маҳрамона худдорӣ намоед, вагарна нотоб гаштанатон имконпазир аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар оилаи нафароне, ки ба наздикӣ издивоҷ намудаанд, нофаҳмиву зиддият дида мешавад. Мушкилоти рӯзгор асабатонро хароб ва ҳамсаратонро дилсард месозад. Зудтар роҳи муросо намуданро пайдо намуда, аз дарди сар халос мешавед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар ин рӯз ниқоби шахси ҷиддӣ ва якравро аз худ дур намоед. Нафароне, ки бо онҳо ҳамкории тиҷоратӣ карданӣ ҳастед, аз дидани чеҳраи хандону хушгӯиҳоятон хушҳол мегарданд. Дар ҷодаи муҳаббат ба комёбии осон умед набандед. Агар дили дӯстдоштаатонро ба даст биёред, минбаъд низ меҳрубониро дареғ надоред.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар масъалаҳои корӣ ба саросемагӣ роҳ надиҳед, дар ҳар амали худ андеша намоед. Дар ҷодаи муҳаббат нафарони муҷаррад бояд ҳарчи зудтар аз пайи издивоҷ шаванд. Баъди нисфирӯзӣ ба сафар мебароед. Саломатии худро дар ҷои аввал гузоред, бепарвоӣ бар зарари худатон аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз маҳорати касбии худро аз даст надиҳед. Мушкилиҳои корӣ муваққатиянд, аз ин рӯ, руҳафтода нашавед. Ҷаддиҳои муҷаррад ҳамсафари ҳаётии худро пайдо карда наметавонанд, вале ин маънои онро надорад, ки нисбати саломатӣ бепарво бошед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз дар муносибат бо аҳли оила дучори дилсардиву номеҳрубонӣ мегардед, ки сабабашро ҳеҷ фаҳмида наметавонед. Дӯстдоштаи худро дар ҳоли яъсу ноумедӣ дида, дарҳол ба кумакаш мешитобед. Вазъи молиявӣ ташвиш намедиҳад, вале ин муваққатӣ аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Дар ин рӯз аз хеши наздики худ кумаки калони молиявӣ мегиред. Шуғли дӯстдоштаатон даромади хуб меорад. Нафарони оиладор хабари хуш мешунаванд. Барои ба мағозаву бозор рафтанатон рӯзи мусоид аст. Вазъи саломатӣ аз оромии асабҳо вобастагӣ дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ