Роҳбари «Амонатбонк» худкушии кормандашро шарҳ дод

Раиси «Амонатбонк» гуфт, ки худкушии кормандаш дар ноҳияи Айнӣ марбут ба муносибатҳои шахсияш аст, на кораш.

Сироҷиддин Икромӣ, раиси БДА “Амонатбонк”, худкушии Ғиёсиддин Аюбзода, собиқ корманди бонки зертобеяш дар ноҳияи Айниро шарҳ дод.

Ӯ зимни нишасти хабарияш гуфт, худкушии Аюбзода марбут ба кораш дар бонк нест.

«Ба фаъолияташ рабт надора ва мактубе, ки пеш аз маргаш навиштааст ин шубҳаро аз мо бардошт. Дар он навиштааст, ки аз кадом ҳоҷие қарздор будааст ва ӯ ба ҳамин рӯз оварда расонидааст»,- мегӯяд Икромӣ.

Номбурда гуфт, маводҳоро пурра баррасӣ кардаанд ва аудиташон низ дар минтақа вазъро санҷида маводҳоро ба прокуратураи ноҳияи Айнӣ супоридаанд.

Ба гуфти ӯ ҳоло тафтишот идома дорад ва прокуратураи вилоятӣ низ аз ин кор огоҳ аст.

Ёдовар мешавем Ғиёсиддин Аюбзода рӯзи чоруми октябр дар ҷойи кораш худро овехт.

Бино ба иттилои манобеъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайи таҳқиқи худкушии корманди “Амонатбонк” дар рӯи мизи корӣ навиштаҷоти иборат аз шаш ҳафт саҳифагӣ дарёфт намудаанд, ки Аюбзода пеш аз ба дор овехтанаш онро навиштааст.                

Ба гуфтаи манобеъ аз “Амонатбонк”, дар он навиштаҷот Ғиёсиддин дар бораи муомилоти пулӣ, аз ҷумла додугирифти беш аз 140 ҳазор сомонӣ бо чанде аз сокинони деҳоти Айнӣ гуфтааст.

Ӯ ҳамагӣ 27 сол дошт ва чанд соли охир минҳайси сардори як нуқтаи хидматрасонии “Амонатбонк” дар Ревади Айнӣ фаъолият мекард. Ин нуқтаи бонк асосан барои пардохти пули нафақаи сокинони деҳа ташкил карда шудааст.

Хонаводаи Аюзода аз нафарони зиёии деҳаи Айнӣ маҳсуб шуда, падар ва модараш ҳарду муаллим мебошанд. Иллати даст ба худкушӣ задани Ғиёсиддин то ҳол барои аҳли хонаводааш муаммо аст ва таҳқиқи ҳодиса то кунун ниҳоӣ нашудааст.

Тобути Ғиёсиддин қалби ҳамаро ба сӯзиш овард

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75

Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *