Мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2021»

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи 18-уми байналмилалии «Ҷоми рушд-2021», ки 5-уми феврал дар пойтахти Беларус — шаҳри Минск оғоз шуда, то 14-уми феврал идома меёбад, иштирок мекунад.

Гуфта мешавад, ки барои ғолибият дар мусобиқа даҳ даста мубориза мебаранд. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2021» дар гуруҳи «А» бо дастаҳои мунтахаби наврасони то 17-солаи Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Эрон вомехӯрад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *