Толеъномаи 8-уми июни соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Рӯзи мусоидест барои рафъи дудилагӣ ва мағлуб сохтани душманон. Нафареро вомехӯред, ки дар зиндагӣ такягоҳ ва пушту паноҳатон мегардад. Аз ҷониби нафаре таърифу тавсифро шунида, қабл аз он, ки бовар мекунед, се маротиба андеша намоед. Фориғболӣ нисбати чизҳои қимматбаҳо боиси он мегардад, ки ашёи пурқиммати худро гум мекунед. Бегоҳирӯзӣ бо дӯсти деринатон вомехӯред.
Савр (21 апрел-22 май)
Дар ин рӯз ба назди фолбин рафтану бо сеҳру ҷоду машғул шудан хуб нест, вагарна ба саратон офатҳои зиёде меояд. Эҳтимоли аз даст додани маблағи пулӣ имкон дорад. Зимни робита бо атрофиён қаҳру ғазаби худро нигоҳ доред, зеро кор бо ҷангу муноқиша анҷом меёбад. Бодиққат ва дурандеш бошед.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Ба кори вазнин машғул нашавед, аз уҳдааш намебароед. Хариди ғайринақшавӣ имкон дорад. Қабл аз кореро ба анҷом расонидан нағзакак андеша намоед. Ба меҳмонӣ рафтану қабули меҳмононро тавсия намедиҳем. Баъди нисфирӯзӣ худро нотоб ҳис мекунед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Воқеаҳои имрӯз собит месозанд, ки хавотириву ба ташвиш омаданатон беҳуда набудааст. Зимни робита бо атрофиён ва дар масъалаҳои молиявӣ ба нобарориҳо рӯ ба рӯ мегардед. Бодиққат бошед, ба ғалатҳои ислоҳнашаванда роҳ надиҳед.
Асад (23 июл-23 август)
Рӯзи бобарор аст. Ба меҳмонӣ рафтану меҳмон қабул карданатон хуб аст. Танҳо бо корҳои ҳалталаби рӯзгор машғул шавед. Нерӯи манфиро аз худ дур созед, шумо ба касе бадӣ карда наметавонед, беҳуда кӯшиш накунед. Бегоҳирӯзӣ хабари ногувор шунида, онро оромона қабул кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи хатарнок аст. Аз гуфтори беандеша худдорӣ намоед. Хабарҳои ногувор шуморо дар шигифт мемонанд. Агар бо қатъият амал карда, кибру ғурурро як тараф гузоред, мушкилоти сарзадаро рафъ карда метавонед, вале ба коре, ки ҳал шуданаш номумкин аст, даст назанед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Рӯзи бобарор аст. Қабл аз сари қароре омадан ҷиҳатҳои мусбату манфиро дар тарозуи ақл баркашед. Бегоҳирӯзӣ бо вуҷуди пеш омадани монеаҳо дар оилаатон муҳити гарму самимиро барқарор месозед. Фикру андешаҳои мағшушро аз худ созед, вагарна ба ғалат роҳ медиҳед. Бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Шумо бояд тағйир ёфта, ҷиддият ва мустақилияти худро партоед. Қувваи худро ба самти даркорӣ равона намуда, аз натиҷаи кор қаноатманд мегардед. Дар ин рӯз дилатон аз нафаре монда, орзуҳоятон ба боди фано мераванд. Асабоният боиси нотоб гаштанатон мегардад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз атрофиёнро розӣ кунонида, ҳақ будани худро собит сохта метавонед. Хабареро мешунавед, ки боиси тағйироти мусбат мегардад. Имрӯз хеле зудранҷ мегардед. Агар чизе табъи дилатон набошад, беҳуда зиқ нашавед, поёни шаби сиёҳ сафед аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Рӯзи пур аз ҳодисаҳои ногаҳонӣ аст. Имкони беҳтар сохтани вазъи молиявиро аз даст надиҳед. Ягон дилхушӣ наметавонад хотиратонро болида гардонад, аз ин рӯ, бо пайдо шудани имконият хоб равед. Хоберо, ки дар ин шаб мебинед, ба касе нагӯед. Ба нафаре, ки изҳори муҳаббат мекунад, хубтар зеҳн монед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Дар ин рӯз аксари мардҳоро лозим меояд, ки саховатмандиву садоқат ва муҳаббати худро ба дӯстдоштаи худ собит намоянд. Шубҳаву гумонҳои бадро ба дил роҳ надода, аз шириниҳои зиндагӣ лаззат бардоред. Либосеро, ки дар он худро роҳат эҳсос намекунед, ба бар накунед.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Мушкилиҳои хурдеро, ки имрӯз ба саратон меоянд, ба таъхир нагузошта, рафъ карданатон лозим аст. Ба нафаре, ки дар паҳлуи шумо аст, имкон диҳед, ки шуморо эрка намояд. Дар ин рӯз қарз гирифтану қарз доданро маслиҳат намедиҳем.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ