Оғози фаъолияти озмоишгоҳи вирусшиносӣ дар шаҳри Турсунзода

Дар назди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода ташхисгоҳи вирусологӣ таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, сокинони шаҳри Турсунзода ва корафтодагон минбаъд барои гузаронидани ташхисҳои вирусологӣ ба озмоишгоҳҳои пойтахт — шаҳри Душанбе нарафта, ба ин муассисаи тиббӣ муроҷиат менамоянд, ки ин барояшон имкони сарфа кардани вақт ва ҳам маблағро медиҳад.

Гуфта мешавад, ки раиси шаҳр Парвиз Акрамзода аз ҷараёни кори ташхисгоҳи вирусологӣ дидан намуда, барои дар сатҳи баланд ба аҳолии шаҳр содиқона хизматрасонӣ намудан ва иҷрои саривақтии ташхисҳою баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти риояи талаботи сантитарию эпидемиологӣ ба масъулини Маркази назорати давлатии санитпарию эпидемиологии шаҳр супоришҳои мушаххас додааст.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Турсунзода Мизроб Саидзода иброз доштааст, ки ташхисгоҳи мазкур бо таҷҳизоти муосири вирусшиносӣ муҷаҳҳаз буда, дар он мутахассисони ботаҷрибаи соҳа фаъолият менамоянд.

— Яке аз зарурияти ташхисгоҳ дар он аст, ки сирояти бемории COVID-19-ро дар организми инсон дар муддати кӯтоҳ ва саҳеҳ муайян менамояд. Дар ташхисгоҳ инчунин гузаронидани ташхис ва тестҳои бемории гепатити В ва С саривақт ва босифати баланд амалӣ мегардад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *