Муовини Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад дар ноҳияи Рӯдакӣ (аудио)

Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммад, ки барои иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” дар Тоҷикистон қарор дорад, аз Маркази саломатии деҳоти Сарикиштии Поёни ноҳияи Рӯдакӣ боздид ба амал овард.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, ҳадафи ташрифи хонум Амина Муҳаммад ба муассисаи мазкур — ин пеш аз ҳама шиносоии бевосита пайдо намудан бо рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот мебошад.

— Аснои боздиди хеш номбурда бо фаъолияти муассисаи мазкур, аз ҷумла рафти муоина ва ташхиси беморон шинос шуда, инчунин аз масъулин доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ пурсон шуд. Ҳамзамон, номбурда дар ин ҷо бо ҷараёни Корвони саломатии сайёр, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст, шинос шуда, бо як қатор намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ суҳбати озоду ошкоро анҷом дод. Дар ҷараёни суҳбат номбурда доир ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар кишвар саволҳо дода, аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас гирифт. Дар анҷоми боздид номбурда ба як қатор занону духтарон, ки дар доираи Корвони саломатии сайёр ба муассиса ташриф оварда буданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *