Толеъномаи 8-уми январи соли 2024
Ҳамал
Даромади калони пулиро интизор шаведу дар сарф кардани маблағ эҳтиёт бошед, хайру сахоро низ фаромӯш накунед. Вазъи саломатии шахси наздикатон ташвишатонро зиёд мекунад. Ҳангоми кор бо асбобҳои барқӣ ҳушёриро пеша намоед.
Савр
Вазъи молиявиятон начандон хуб аст, аз ин рӯ, дар фикри ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави даромади пулӣ шавед. Шиносоии нав табъатонро болида мегардонаду имкониятҳои нави судманд пайдо мешаванд. Эҳтимол ошиқатон бо туҳмати ногаҳонияш ба торҳои асабатон мерасаду дилатонро сиёҳ мекунад.
Ҷавзо
Агар бо тиҷорат машғул шудан хоҳед, хуб аст, вале ба ҳирси пулу мол дода нашавед. Шомро бо шахсони наздикатон гузаронед ва ё шоми ошиқона ороеду аз дидори дӯстдоштаатон сер шавед. Дар сухан гуфтан эҳтиёт бошед, вагарна хавфи ҷанҷол карданатон дар назар аст.
Саратон
Даромади начандон калони пулӣ имкон медиҳад, ки наздиконатонро бо туҳфаҳои аҷиб хурсанд кунед. Ошиқатон ба мулоқот даъват мекунаду хабари хушеро мерасонад. Аз имкон дур нест, ки охири моҳ пӯшидани ангуштарини арӯсӣ насиби шумо ҳам мешавад.
Асад
Вақте расидааст, ки ҷиҳози нодаркору либосҳои куҳнашударо партоеду манзили худро тоза кунед. Дар муносибат бо атрофиён дағалӣ накунед, фаромӯш насозед, ки захми шамшер мераваду захми сухан не. Рафтору кирдоратонро назорат кунеду минбаъд дили касеро наранҷонед.
Сумбула
Бемор шудани шахси наздикатон шуморо хавотир месозад. Воҳима набардошта, касалро аз ташхиси духтур гузаронед ва мувофиқи тавсияҳои табиб амал намоед. Як ғалати дӯстдоштаатон шуморо асабӣ месозад.
Мизон
Даромади калони пулие, ки кайҳо интизораш будеду барои ба даст оварданаш меҳнати зиёде сарф кардед, табъу завқатонро баланд мебардораду имкони харидани ашёи орзуҳоятон пайдо мешавад. Дар ин рӯз ошиқатон шуморо санҷидан мехоҳаду имтиҳон мекунад.
Ақраб
Ақрабҳои танҳоро шиносоии наву гуворое дар назар аст. Аз имкон дур нест, ки бахт ба рӯятон механдад, кӯшиш намоед, мурғи бахтро аз даст надиҳед. Аз харҷу хароҷоти калон худдорӣ намоед. Ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан, дарҳол ба табиб муроҷиат кунед.
Қавс
Дар ин рӯз ором буданро тавсия медиҳем. Асабонияти зиёд сабаби бадгӯию ранҷиши дигарон хоҳад шуд. Агар худро ба даст нагиред, ба решаи дарахти меҳру муҳаббататон теша хоҳед зад.
Ҷаддӣ
Маблағеро, ки қарз дода будед, ҳамин рӯз бармегардонанд. Нақшаву идеяҳоятонро маҳфуз нигоҳ доред, вагарна рашки душманон балоеро ба саратон меорад. Бегоҳирӯзӣ шиносоии аҷибе дар назар аст. Ҳангоми кор бо асбобҳои техникӣ кӯдаконро беназорат нагузоред.
Далв
Барои он ки далвҳо бевафоии ёр ва ёри дигар гирифтани ӯро босаброна таҳаммул сохта тавонанд, бояд рафиқи ғамгусоре пайдо намоянд. Руҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик ҷуфти ҳақиқии худро ҳатман пайдо мекунед.
Ҳут
Дар ин рӯз шанси аҷибе пайдо мешавад, агар ақлатонро кор фармоед, ба қуллаҳои баланди муваффақият мерасед. Шахсеро, ки дӯст мешуморидед, бо мақсади ишғол намудани вазифаатон шуморо назди роҳбарият шармсор кардан мехоҳад, вале тираш хок мехӯрад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ