«Беҳтарин муҳаққиқ»-и ИДМ дар соли 2023. Аълохон Бобозода кист?

Аълохон Бобозода, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон «Беҳтарин муҳаққиқ»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023 шуд.

Ӯ омӯзгори факултети технологияҳои инноватсионӣ ва баҳисобгирии бухгалтерии донишгоҳи мазкур мебошад. Аълохон Бобозода байни таҳқиқотчиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сазовори ҷоизаи «Беҳтарин муҳаққиқ – 2023» гардидааст.

Ин дастовардро омӯзгор бо пешниҳоди мақолаи илмӣ байни иштирокчиёни муассисаҳои мамолики аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соҳиб шудааст.

“Ба ин муносибат дар доираи чорабиниҳои илмӣ – маърифатии донишгоҳӣ  аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба Аълохон Бобозода медали «Беҳтарин муҳаққиқ — 2023», Дипломи дараҷаи l, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома супорида шуд”, — иттилоъ доданд ба Pressa.tj  аз донишгоҳи мазкур.

Ёдовар мешавем, ки озмун моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон байни мутахассисони муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар он аз тамоми муассисаҳои илмӣ-таълимии давлатҳои ИДМ намояндагон тариқи онлайн  иштирок намуданд.

Аълохон Бобозода дар ин озмун Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро намояндагӣ намуда, ба гирифтани мақоми аввал комёб шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *