Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

«Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ислоҳоти қонунгузорӣ «маркази зеҳнӣ» гардида, дар соҳаҳои соҳибкорӣ, фаъолияти тиҷоратӣ ва ҳуқуқи байналхалқӣ мутахассис тайёр мекунад».

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 5-уми августи соли 1993 таъсис ёфта, давоми фаъолияташ бо омода намудани зиёда аз 16 ҳазор мутахассисони баландихтисос дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди технологияи муосир, рушди бемайлони илм, ривоҷи таҷрибаҳои омӯзандаи кишварҳои мутараққӣ ва тарғиби арзишҳои олии башарӣ қадамҳои устувор мениҳад.

ДДҲБСТ бо афзун намудани теъдоди устодони соҳибунвон, ҷорӣ намудани ихтисосҳои наву замонавӣ, мутобиқат ва ҳамоҳангсозии раванди таҳсилот ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ва гузаронидани барномаҳои таълимӣ аз аккредитатсияи давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф гардида, дар рушду нумӯи низоми таҳсилоти олии касбии мамлакат мавқеи устувору шоистаро касб кардааст. Дар сохтори донишгоҳ 8 факултет, 5 бинои таълимӣ, лабораторияҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосири инноватсионӣ, толорҳои барҳаво, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, марказҳои компютерӣ ва тестӣ, Марказҳои омӯзиши Аврупо ва забонҳо, Парки технологӣ, Маҷмааи варзишӣ, хобгоҳи замонавӣ ба хизмати донишҷӯён вогузор шудааст.

Барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ, кор бо барномаҳои байналхалқӣ, таҷрибаомӯзӣ дар коргоҳу муассисаҳои пешқадам шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Таҳкими заминаҳои моддию техникии раванди таълим ва пажуҳишоти илмӣ ба ҷорӣ намудани ихтисосҳои наву замонавӣ мусоидат намуда, имрӯз аз рӯи 39 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.

Айни ҳол 8277 нафар донишҷӯ аз тамоми манотиқи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, 362 нафар донишҷӯён аз давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. Ба раванди таълиму тарбияи донишҷӯён 359 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 19 нафар доктори илм, профессор, 145 нафар номзади илм, дотсент, 120 нафар муаллими калон, 75 нафар ассистентон ҷалб гардидаанд.

Ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ машғулиятҳо дар 30 гуруҳи академӣ бо забони русӣ, 12 гуруҳи академӣ бо забони англисӣ ва 2 гуруҳи академӣ бо забони хитойӣ гузаронида мешавад. Дар олимпиадаи Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии донишҷӯён, озмунҳои ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ», “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм — фурӯғи маърифат”, “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Донишҷӯи сол” сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидани донишҷӯёни донишгоҳ, афзудани теъдоди гирандагони стипендияҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, раиси шаҳри Хуҷанд ва стипендияи раёсати донишгоҳ бозгӯи натиҷаи самаранок ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон чунин донишҷӯён барои ҳавасмандӣ мунтазам қадрдонӣ карда мешаванд.

Раёсати донишгоҳ барои пешбурди фаъолият дар самти таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо 145 корхонаю ташкилот ва ширкатҳои истеҳсолӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он — вазорату кумитаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ фаъолият бурда метавонанд. Робитаҳои самаранок бо муассисаҳои кишварҳои хориҷӣ ба таҳким бахшидани иқтидори илмию таълимии донишгоҳ равона гардида, ҳамкорӣ бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Темпус, Эразмус Мундус, Эразмус+ ва дигар барномаҳои грантӣ; бо Донишгоҳҳои Русия, Амрико, Финляндия, Япония, Ҳиндустон, Қазоқистон; Маркази Конфутсий ва дар доираи Донишгоҳи Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шудааст. Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ миқдори созишномаҳо бо муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии ватаниву хориҷӣ ба 76 адад расонида шудааст. Донишгоҳ бо якчанд лоиҳа дар Барномаи Иттиҳоди Аврупо — Эразмус Мундус ва Темпус баромад дошта, татбиқи лоиҳаҳо ба баланд бардоштани сифати таълим равона шудаанд.

Дар асоси ҳамкориҳои мутақобила бо Донишкадаи молияи шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сохтори нави таълимӣ ташкил карда шуд. Факултети муштараки навтаъсис аз рӯи ихтисосҳои кори бонкӣ ва аудит ва молия ва технологияи молиявӣ дар сатҳи стандарти ҷаҳонӣ мутахассисонро омода менамояд. Дар донишгоҳ маҳфилҳои ҳунарӣ — дастаи созию овозии “Ошёни меҳр”, театр-студияи “Парвози истеъдод”, гуруҳи рақсии “Хушхиром” ва маҳфилҳои “Ганҷинаи ҳунар”, “Дастони моҳир”, маҳфилҳои варзишӣ оид ба намудҳои шашка, шоҳмот, волейбол, баскетбол, фитнес ва курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ, ҳунаромӯзӣ ва ронандагӣ амал мекунанд. Донишҷӯён метавонанд дар маҳфилҳои амалкунанда ҳунар омӯзанд ва дар курсҳои кӯтоҳмуддат таҳсил намоянд.

Пас аз хатми донишгоҳ хатмкунандагони болаёқат метавонанд таҳсили худро дар магистратура, докторантура (PhD) ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (таҳсилоти дуюми олӣ) идома диҳанд. Дар назди донишгоҳ Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯи ихтисосҳои иқтисодиёти минтақа ва менеҷмент, маркетинг ва нархгузорӣ амал мекунад. Бо истифода аз шароити мусоиду созгор, имкониятҳои ақливу зеҳнӣ ва моддиву техникии донишгоҳ фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва фаъолияти илмии донишҷӯён, дастгирии донишҷӯёни фаъолу лаёқатманд ва омода намудани мутахассисони баландихтисосро аҳли донишгоҳ рисолати хеш меҳисобанд.

Агар хоҳед, ки дар зеботарин таълимгоҳи олии инноватсионӣ таҳсил дошта бошед, якчанд забони хориҷиро барои рушди муносибатҳои байналмилалӣ омӯзед ва мутобиқ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ таълим гиред, пас Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро интихоб намоед!

ОРЗУҲОИ ШУМО ДАР ДОНИШГОҲИ МО АМАЛӢ МЕГАРДАНД!

Рамзи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 110 мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *