Толеъномаи 9 феврал

Ҳамал ( 21 март-20 апрел)

Рӯзи бобарор аст, хусусан барои мардоне, ки бо тиҷорат сару кор доранд, барор меорад. Бонувон бошанд, дар кори савдо фиреб мехӯранд. Дар ин рӯз хариди калон накунеду аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед. Дар сурати худро нотоб ҳис кардан, дарҳол аз пайи табобат шавед.

Савр ( 21 апрел – 22 май)

Нохушиҳои хурд табъатонро  вайрон месозанд. Бадгумонӣ накунед, он гоҳ коратон барор мегирад. Дар ин рӯз дар гуфтор хеле боэҳтиёт бошед, як ҳарфи ноҷо сабабгори нобарориҳои зиёдатон мегардад. Аз хариди калон кардану аз бонк қарз гирифтан худдорӣ намоед.

Ҷавзо ( 23 май-21 июн)

Агар дар ин рӯз саховатмандӣ нишон диҳед, ҳамин гуна муносибатро нисбати худ мебинед. Ҳатто аз камтарин баҳсу мунозира худдорӣ намоед. Ҳар гаперо, ки имрӯз ба забон меоред, баъдан бар зидди худатон истифода мебаранд. Муносибатҳоятон бо дӯстон ё хешу табор вайрон мегардад.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Ба камбудиҳои ночиз диққат надиҳед, бо мурури вақт ҳамааш мегузарад. Агар дар муносибатҳои ошиқонаатон якрангиву сардӣ эҳсос карда бошед, тамоми маҳорати худро ба кор бурда, барои дӯстдоштаатон лаҳзаҳои хотирмон ҳадя намоед. Дӯстони дерин ба суроғатон меоянд.

Асад ( 23 июл – 23 август)

Мушкилоти пулиятонро нафаре рафъ месозад, ки аз ӯ саховатмандиро интизор набудед. Бонувон ба доми фиреби мардони занбоз афтида метавонанд. Бегоҳирӯзӣ барои вохӯрии ошиқонаву дилхушӣ ва истироҳат созгор аст. Мушкилоти пулиро бо шарофати кордониву ҳушёрӣ рафъ месозед.

Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)

Дар ин рӯз кӯмаки дигаронро бо хушнудӣ қабул кунеду ба дигарон низ дасти мадад расонед. Роҳбарият барои заҳматҳоятон қадрдонӣ мекунаду мукофотпулӣ мегиред. Нисбати шахси дӯстдоштаатон якравӣ накунед, ҳама чиз вақту соати худро дорад.

Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)

Дар ин рӯз хушмуомилаву ботамкин бошед. Як сухани ноҷо боиси ранҷиши ошиқатон ё аҳли оила мегардад. Инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муомила бо нафарони воломақом боэҳтиёт бошед. Аз ҷониби нафаре, ки хизматашро иҷро кардаед, маблағи хуб мегиред.

Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)

Аз кори зиёд худдорӣ намоед, вагарна на танҳо ҷисман, балки руҳан хаста мегардед. Дар ин рӯз нисбати дӯстдоштаатон бадгумонӣ накунед. Дар ҳавои тоза гаштанатон хуб аст, вале имкони шамол хӯрдану бемор шуданатон зиёд аст.

Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)

Дар ин рӯз сафару харидҳои калон бобарор анҷом меёбанд. Агар вақти бештари худро бо дӯстдоштаатон гузаронед, меҳру муҳаббататон қавитар мегардад. Ба асабоният роҳ надиҳед, тамоми мушкилатон рафъ мегардад.

Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз табъи дили худ кор кардану ҳар гапро ба забон оварданатон боиси нофаҳмиҳои зиёд мегардад. Ростгӯиятон ба роҳбарият хуш намеояд ва бе ҷойи кор мемонед. Барои ба зуком гирифтор нашуданатон фавран витамин истеъмол кунед. Хобҳоятон амалӣ мешаванд.

Далв ( 21 январ- 20 феврал)

Бо дӯстони дерин ва наздиконатон вомехӯред. Аз саргузаштҳои ошиқона худдорӣ намоед, вагарна ба фиребу ноумедӣ гирифтор мегардед. Агар имкон дошта бошед, бештар дар ҳавои тоза сайругашт кунед. Дар ҳаёти шахсиятон ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки пурра асабатонро хароб месозанд.

Ҳут ( 21 феврал- 20 март)

Аз субҳи содиқ кореро ба анҷом расонида наметавонед. Сабаб дар бехобиву кори зиёд доштанатон аст. Агар имкониятҳои пулкоркуниро аз даст диҳед, худро бахшида наметавонед. Баъди нисфирӯзӣ хабари хуш мешунавед, даромади хуб ба даст меоред, дар авлодатон фарзанди нав таваллуд мешавад. Душмани асосии шумо дағалгуфториву майнӯшиятон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *