Путин хабари афвшавии муҳоҷиронро меорад?

Эҳтимол мақомоти Русия аз 14 то 68 ҳазор муҳоҷири «мамнӯъулвуруди» тоҷик ба қаламрави ин кишварро афв кунанд.

Дар ин бора манобеи сафорати Тоҷикистон дар Маскав  гуфтаанд, ки ин мавзӯъ рӯзи 8 феврал дар сӯҳбати сафир Имомуддин Сатторӣ бо Александр Горовой – муовини аввали вазири умури дохилии Русия – баррасӣ шудааст. Вазорати корҳои дохилии Русия баъд аз барҳам хӯрдани ФМС назорати умури муҳоҷират дар ин кишварро бар ӯҳда дорад.

Мақомоти сафорати Тоҷикистон гуфтанд, феълан 270 ҳазор муҳоҷири кории кишвар аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳруманд. «Дар дидору мулоқот ҷониби Русия хабар дод, ки баррасии афви шаҳрвандони Тоҷикистон ҷараён дорад. Он шаҳрвандони мо, ки дар ҳудуди Русия ҷинояти сабуки маъмурӣ содир карда ва аз ҳаққи сафар маҳрум шудаанд», — гуфтаанд дар сафорат.Хабари афви муҳоҷирони тоҷик дар остонаи сафари Владимир Путин, президенти Русия, ба Душанбе садо дод, ки бино ба иттилои расонаҳо рӯзи 28 феврали имсол сурат хоҳад гирифт. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷараёни ин сафари Путин имзои чанд созишнома дар назар аст, аммо аз ҷузъиёташ худдорӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *