Ура! Амрико ба мо кумак мекунад!

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе гуфтааст, ки дар бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ки талафоти ҷонӣ ва хисороти иқтисодӣ дошт, ба ин кишвар кӯмак хоҳад кард.

Ин мавзӯъ дар дидори Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон бо генерал Рустам Назаров, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи (КҲФ) ин кишвар матраҳ шудааст.Умеда Юсуфова, сухангӯи ин кумита рӯи 9 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамакнун аз ҷумлаи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва намояндагони сафорати Амрико дар Душанбе гурӯҳи корӣ таъсис шудааст. Вай гуфт: “Ҳоло ин гурӯҳи корӣ мизони хисороти ворида ва ниёзҳо ба навъҳои кӯмакҳоро мушаххас карда ва ба сафорати Амрико ирсол мекунад. Бар асоси ин дархост, ҷониби Амрико ба минтақаҳои аз ҳодисаҳои табиӣ осебдида ва ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон кӯмак хоханд кард”.Хонуми Миллард иброз доштааст, ки “кишвараш кӯмакҳояшро ҷиҳати коҳиши хатар аз офатҳои табиӣ ва техногенӣдар Тоҷикистон” идома хоҳад дод. Дар пайи дархости кумаки Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ, ин нахустин вокуниши кишвари хориҷӣ ба ин дархост аст.Дар ҳафтаи гузашта Вазорати хориҷии Тоҷикистон зимни як баёния аз сохторҳои дипломатӣ ва созмонҳои имдодрасони байналмилалӣ хоста буд, то дар рафъи оқибатҳои ҳодисаҳои табиӣ ба давлати Тоҷикистон кумак кунанд. Дар ин баёния ҳаҷми умумии кӯмакҳо ва ё ҳаҷми маблағҳои зарурӣ зикр нашуда, танҳо ба боришоти бесобиқа ва фаромадани тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва дар ҳудуди вилояти Бадахшон ишора шуд, ки бар асари онҳо 10 нафар кушта ва се нафар нопадид шудаанд.Гуфта мешавад, дар шароити феълӣ техникаи махсус барои тоза кардани барф, маводи сӯхт, ғизову доруворӣ ва маводи дигар барои кӯмаки изтирорӣ ба мардум ниёз вуҷуд дорад. Мутахассисони соҳа Тоҷикистонро як кишвари осебпазир дар баорбари ҳодисаҳои табиӣ хонда ва мегӯянд, ки яке аз таҳдидҳо офатҳои табиии мисли селу обхезиҳо баҳорон аст, ки пайваста рух медиҳанд ва рӯи зиндагии садҳо ҳазор сокини ин кишвар таъсиргузор мешаванд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *