Толеъномаи 9-уми августи соли 2022
Ҳамал (21 март-20 апрел)
Беҳтар мебуд, ки дар ин рӯз бо кори ақлонӣ машғул шавед, на бо кори ҷисмонӣ. Ҳам фоидаи зиёд ба даст меореду ҳам табъатон болида мегардад. Нофаҳмии байни наздиконатон мавҷудбуда рафъ мегардад, аз ин рӯ, ҷасурона метавонед сафару харидҳоро ба нақша гиред. Баъди нисфирӯзӣ хастагиву руҳафтодагӣ ёратон мегардад.
Савр (21 апрел-22 май)
Агар имкон дошта бошед, имрӯзро дар хона гузаронед. Рӯзи душвору хатарнок аст. Таъсири манфии нафарони бегона ё хабари нохуш эҳтимол дорад. Дар ҳавои тоза сайругашт карданатон муфид аст. Ба ин маслиҳат гӯш дода, ғалат намекунед. Бегоҳирӯзӣ ташвиши рӯзгор зиёд мешавад.
Ҷавзо (23 май-21 июн)
Бо наздиконатон муноқишаҳои ночиз имкон доранд. Дар ҳодисаҳои рухдода худро гунаҳкор насозед. Дар масъалаҳои молиявӣ гузашт карданатон хуб аст, вале дар масъалаи саломатӣ хеле боэҳтиёт бошед. Барои харидкунӣ рӯзи бобарор аст. Сарчашмаҳои нави даромадро ҷӯё шавед, вале аз пешниҳодҳои шубҳанок дурӣ ҷӯед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Дар ин рӯз ба хӯроки истеъмол мекардаи худ бодиққат бошед, хусусан агар бемориҳои музмини меъда дошта бошед. Пешравии корҳоятон боиси беҳтар гаштани вазъи молиявӣ мегардад. Дар ҷодаи муҳаббат барои шахси дӯстдоштаатон мубориза бурданатон лозим меояд.
Асад (23 июл-23 август)
Бадбиниву нафрати бадхоҳатон боиси бад шудани вазъи саломатиятон мегардад. Бо ҳар нафаре, ки дар робита мегардед, бодиққат бошед, нафаронеро, ки ба онҳо боварӣ надоред, ба худ наздик насозед ва ба шиносҳои наватон бовар накунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Рӯзи душвор аст. Таъсири манфии нафарони бегона ё хабари нохуш имкон дорад. Пешниҳоди хуби кориро рад накунед. Барои тахт намудани ҳуҷҷатҳо, харидани чипта ва вохӯрӣ бо нафарони нав рӯзи бобарор аст. Баъди нисфирӯзӣ барои ба меҳмонӣ рафтан мусоид аст.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Дар ин рӯз имкони беҳтар сохтани вазъи молиявиро пайдо месозед. Ҳамаи мушкилатонро бо кумаки дӯстони наздик рафъ карда метавонед. Хариду фурӯши хона бобарор анҷом меёбад. Агар имкони шиносшавиро аз даст надиҳед, оилаи мустаҳкам месозед. Тамоми мушкилатонро нимаи аввали рӯз рафъ намоед.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Дар вазъиятҳое, ки хушмуомила буданатон лозим аст, набояд якравӣ зоҳир намоед. Агар дар ин рӯз аз бастани шартномаи муфид рӯ гардонед, дар оянда сахт пушаймон мегардед. Баъди нисфирӯзӣ пасту баландшавии фишори хун ва шамол хӯрданатон имкон дорад.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Дар ин рӯз барои рафъ намудани мушкилиҳои сарзада қувваву вақти зиёдеро сарф мекунед. Муҳимаш, дар ин лаҳзаҳо аз нафароне дастгирӣ мебинед, ки шуморо кайҳо боз медонанд. Баъзе қавсҳо қарзҳои деринаи худро бармегардонанд. Агар нияти харидкуниро дошта бошед, шуморо муваффақият интизор аст.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Дар ин рӯз ҳангоми сафар кардану ба роҳи дур баромадан боэҳтиёт бошед. Ҳангоми гуфтор бо ҳарфи ноҷо дили касеро наранҷонед. Хароҷоти беҳуда ё гум кардани пул имконпазир аст. Ба нафаре, ки қиссаи ишқу муҳаббат мехонад, бовар накунед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Агар буҷаи худро барои як моҳ тартиб диҳед, аз буҳрони иқтисодӣ азият намекашед. Далви муҷаррад нафареро пайдо месозад, ки аз суҳбат бо ӯ ҳаловат мебардорад. Агар шумо кайҳо боз дар ҷустуҷӯйи чунин нафар будед, барои аз даст надодани ӯ тамоми кӯшишу ғайратро ба кор баред.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Рӯзи серташвиш бошад ҳам, фоидаи зиёд ба даст меоред. Ҳамдигарфаҳмӣ бо шахси дӯстдошта боиси хушнудӣ ва табъи болида мегардад. Хатари асабонӣ шудану ҷароҳат бардоштанатон зиёд аст. Дӯстони наве пайдо мекунед, ки аз робита бо эшон бурд мекунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ