толеънома

Толеъномаи 9-уми сентябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Мутаассифона, дар ин рӯз ҳатто наздикон бо шумо забон ёфта наметавонанд. Дар чунин ҳолати асабхаробӣ сари қарори муҳиме омаданро тавсия намедиҳем. Фаъолнокӣ дар касбу кор ба фоидаи шумо аст. Кореро, ки дар давоми моҳҳои охир ба анҷом расонида натавониста будед, дар ин шабу рӯз ба охир мерасонед.

Савр (21 апрел-22 май)

Нерӯи баланд имкон медиҳад, ки тамоми нақшаҳои худро амалӣ намоед. Ҳафта барои нафарони эҷодкор ва тоҷир натиҷаовар аст. Даври табобат бо маҳс ва фитнес ба саломатӣ фоида мерасонад. Хусусан барои нафароне, ки рӯзи дароз нишаста кор мекунанд. Миёнаи ҳафта ба роҳи дур набароед. Умуман аз ҳама гуна техника худро канор гиред.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Агар эҳсосоти худро идора карда натавонед, дучори муноқишаву кашмакашҳои зиёд мегардед. Аз таърифу тавсиф худдорӣ намуда, беҳтараш забони худро аз гуфтани гапи зиёдатӣ нигоҳ доред. Гуфтушунид бо роҳбарият хуб анҷом меёбад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Рӯзи душвор аст, аз шумо нерӯи зиёди ҷисмонӣ ва равонӣ талаб карда мешавад. Эҳтимоли ҷароҳат бардоштан ва сар задани бемориҳои ногаҳонӣ имконпазир аст. Нафарони руҳан носолим дучори ҳодисаҳои нохуш шуда метавонанд. Системаи асаби худро мустаҳкам созед ва эҳтиёткориро аз даст надиҳед.

Асад (23 июл-23 август)

Агар нияти ба рухсатӣ баромаданро дошта бошед, барои сафари роҳи дур рӯзи мувофиқ аст. Дар сафар шумо истироҳат намуда, нерӯи тоза мегиред. Вазъи саломатӣ ташвиш дода метавонад. Аз бемориҳои вирусӣ ва сироятӣ эҳтиёт шавед. Ба муноқишаҳо ҳамроҳ нашавед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Барои саломатӣ чандон рӯзи бобарор нест, аз ҳодисаҳои рухдода худро ҳифз карда наметавонед. Хастагии аз ҳад зиёд боиси хурӯҷ намудани бемориҳои музмин мегардад. Ба ҳолати гурда, миён ва пӯст диққати хоса диҳед. Ба саломатӣ диққат диҳед, вале ҳар гуна шубҳаву гумони бадро оид ба он, ки гирифтори ягон беморӣ ҳастед, ба дил роҳ надиҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз зодагони мучали мизон шодиву дилхушӣ кардан мехоҳанд. Таваккал кардан боиси бад шудани вазъи молиявиатон мегардад. Айни замон бояд буҷаи худро назорат намоед. Хариди чизҳои қимматбаҳо ё сарф намудани пул барои дилхушӣ оқибат ба пушаймонӣ мебарад. Ишқи нав пайдошуда ба зудӣ хотима меёбад. Айни замон бисёр чизҳо аз оқилии шумо вобастагӣ дорад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз эҳтимоли сар задани бемориҳои сутунмуҳра, миён ва рӯдаи тунук дар назар аст. Ба кори дилу рагҳои хунгард фишор наоред. Ташвишу изтироб ба саломатиятон беасар намемонад. Илова бар ин, ғизои хуб истеъмол карданатон лозим аст. Аз одату амалҳои ба саломатӣ хатарнок даст кашед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи хубест барои эҷодкорӣ, хусусан кори адабӣ ва рӯзноманигорӣ. Савдо бобарор анҷом ёфта, сафарҳои корӣ зиёд мешаванд. Мушкилоти молиявӣ бо хариду фурӯши хона ва камбудиҳои рӯзгор алоқамандӣ дошта метавонад. Баъди нисфирӯзӣ фикри олиҷанобе дар мавриди ба даст овардани маблағи пулӣ ба саратон меояд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Фикру хаёлатон танҳо банди ба даст овардани маблағи пулӣ аст. Ҳисси кунҷкобиятон меафзояд, вале он даромади пулӣ намеорад. Сафару мукотибаҳо аз шумо сарфи маблағро талаб мекунад. Пулро барои харидорӣ намудани молҳои зебо, вале нодаркор сарф карданатон имконпазир аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

Давраи ҷамъ шудани нерӯ аст. Ташвишу изтироби беҳуда ва руҳияи ноустувор сабабгори зиёд шудани иштиҳо, ширинихӯрӣ ва ба сигор майл карданатон гашта, ба саломатӣ зарар мерасонад. Сараввал ҳолати руҳии худро ба инобат гирифта, ғизои дуруст истеъмол намоед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Нафароне, ки ҳунару маҳорати кашфиётчигӣ доранд, дар ин рӯз даромади пулӣ ба даст оварда натавонанд ҳам, дар касбу кор муваффақ мегарданд. Бештар ба кумаку дастгирии дигарон умед бастанатон лозим меояд. Аз фиребу найранг эҳтиёт шавед, вагарна пули зиёд аз даст медиҳед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *