70 ҳазор сомонӣ мукофот ба ду варзишгари Хатлон (аудио)

Эмомалии Нуралӣ ва Сунатулло Наврӯзов — варзишгарони ҷавони тоҷик бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 70 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Ин мукофот дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба варзишгарони хушноми тоҷик супорида шуд.

Мукофоти пулиро ба Эмомалии Нуралӣ ва Сунатулло Наврӯзов Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода супориданд. Ба варзишгари аввал 50 ҳазор сомонӣ, ба дуввумӣ 20 ҳазор сомонӣ дода шуд.

Бояд гуфт, ки аз 7 то 12-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Гуайкили Эквадор Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо байни ҷавонон баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 373 варзишгар аз 63 давлати дунё иштирок намуданд. Эмомалии Нуралӣ дар ин мусобиқаи бонуфуз дар вазни 66 кг ҳамаи ҳарифони худро шикаст дода, унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб гардид.

Ҳамчунин, дастпарвари муассисаи давлатии Мактаби варзишии маҳорати олии вилояти Хатлон Сунатулло Наврӯзов дар шаҳри Абудабии Аморати муттаҳидаи Араб дар вазни 34 килограм аз рӯи муҳорибаи омехта миёни 42 давлати ҷаҳон ба унвони чемпионӣ шарафёб гардид.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *