Раиси шаҳри Душанбе ба Эмомалии Нуралӣ хона туҳфа кард (аудио)

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба чемпиони ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо Эмомалии Нуралӣ калиди хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа кард.

Хонаи нав бо тамоми шароити рӯзгор дар пойтахт  таъмин карда шудааст.

 Дар ин росто, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ варишгари ҷавон Эмомалии Нуралиро, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини дзюдо байни ҷавонон иштирок карда, медали тиллоро соҳиб гаштааст,  имрӯз, 5 сентябр қабул карда, таҳният гуфт.

Гуфта мешавад, ки Эмомалии Нуралӣ дастпарвари “Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №6 оид ба намудҳои гӯштин”-и шаҳри Душанбе мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *