Бунёди ҳавзи шиноварӣ дар Восеъ. Вале ҳанӯз талабот зиёд аст… (аудио)

Дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҳавзи шиноварии муосир сохта мавриди истифода қарор дода шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки бо сабаби кам будани ҳавзҳои махсус барои оббозӣ солона даҳҳо нафар дар вилояти Хатлон ғарқ мешаванд.

Бунёди ҳавзи муосир агар ба рушди варзиши шиноварӣ замина гузорад, аз ҷониби дигар дар пешгирӣ аз ғарқшавии сокинон мусоидат хоҳад кард. Мутаассифона, дар вилояти Хатлон аз сабаби кам будани ҳавзҳои махсус барои шиноварӣ ва оббозӣ дар ҷӯю каналҳо даҳҳо нафар ғарқ мешаванд.

Ҳавзи шиноварии муосир дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби оилаи Қодирзодаҳо бунёд шудааст, ки ба рушди ин намуди варзиш замина гузошта, дар пешгирӣ аз ғарқшавии сокинон мусоидат мекунад. Ин ҳавз дар доираи истиқболи шоиста аз 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Қурбоналӣ Қурбонзода, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии нимсолаи аввали соли 2022 гуфт, ки дар ҳудуди вилоят зиёда аз 35 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст. Ӯ гуфта буд, ки мутаассифона, ҳанӯз дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Хуросон, Ҷайҳун, Панҷ, Носири Хусрав, Темурмалик, Балҷувон, Фархор, Восеъ ва Шамсиддин Шоҳин ҳавзи шиноварӣ нест.

Маҳмадзода Ҷамшед, сардори Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфта буд, ки дар шаш моҳи соли 2022 дар ҳудуди вилояти Хатлон 34 нафар ғарқ шудаанд. Аммо дар ҳамин давраи соли гузашта шумораи ғарқшудагон 16 нафарро ташкил медод. Ӯ сабаби асосии ғарқшавии сокинонро гармии бесобиқа ва набудани ҷойҳои махсус барои оббозӣ гуфта буд.

Вилояти Хатлон яке аз гармтарин минтақаҳои Тоҷикистон буда, талабот ба ҳавзҳои шиноварӣ зиёд аст, вале каму беш 35 ҳавзи шиноварӣ дораду халос.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *