Толеъномаи 9-уми январи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ба сафари роҳи дур рафтанро маслиҳат намедиҳем, вагарна, дар роҳ ба ҳодисаи нохуш гирифтор шуданатон имкон дорад. Дар ҷойи сокиту ором бо нафарони бароятон дилкаш суҳбат кунед ё бо кори зеҳнӣ машғул шавед. Дар масъалаҳои пулӣ бо нафароне, ки нисбаташон боварӣ надоред, ҳамкорӣ накунед. Ба садои қалб гӯш андохта, дӯстро аз душман фарқ карда метавонед. Хусусан дар интихоби ҳамсафари ҳаётӣ эҳтиёт шавед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз ба нафаре душманӣ накунед, вагарна, худатон ба нохушиҳо гирифтор мегардед. Нисбати нафароне, ки таҷрибаву собиқаи корӣ надоранд, хӯрдагирӣ накунед. Пулҳои худро дар ҷойи бехатар нигоҳ доред ё ҳамёнатонро аз дуздон эҳтиёт кунед. Бегоҳирӯзӣ бо нафаре вомехӯред, ки чандин моҳ дар ҳасрати дидори шумо буд. Каме нотоб мегардед, вале ин нишонаи камхобӣ аст.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз ба вазъияти ногувор гирифтор мешавед. Атрофиён шуморо дар бепарвоиву бемасъулиятӣ гунаҳкор месозанд, ба танқид омода бошед. Ҳангоми робита бо дӯстдоштаатон кибру ғурурро ба кор набаред. Бо нафароне, ки солиёни зиёд риштаи мустаҳками дӯстӣ доштед, самимӣ бошед. Агар дӯсти ҷониятонро ба душман мубаддал кардан нахоҳед, ба ӯ қарз надиҳеду қарз ҳам нагиред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз ба вазъи саломатии худ бодиққат бошед. Агар дарде нороҳататон месохта бошад, ба табиб муроҷиат кунед, ба худтабобаткунӣ машғул нашавед. Тарки одатҳои бад намуда, аз хӯрдани ғизоҳои равғанин, хамирӣ ва шӯр худдорӣ намоед. Даромади пулӣ табъатонро болида месозад, вале пулро зуд сарф мекунед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз аввалан мушкилиҳои худро ҳал кунеду баъдан аз пайи анҷом додани корҳои дигарон шавед. Вагарна, бо рақибони худ як ба як монда, вақти пурқимати худро бо баҳсҳои бемаънӣ мегузаронед. Беҳтараш аз пайи ба даст овардани манбаи нави пулкоркунӣ шавед. Вохӯрии хотирмон ба муҳаббати бузург мубаддал мегардад. Бемориҳоро бо худтабобаткунӣ рафъ сохта наметавонед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз дар гуфтору рафтор андозаро нигоҳ доред. Ба хабаргирии хеши беморатон меравед. Ба бемориҳои музмине, ки ҳар сол дар ҳамин вақт хурӯҷ мекунанд, бодиққат бошед. Сари вақт ба табиб муроҷиат карда, оқибатҳои нохуши бемориро пешгирӣ мекунед. Агар маблағеро барои рӯзи мабодо захира карда бошед, ба касе нагӯед. Дӯстдоштаатон аз шумо меҳрубонӣ мехоҳад.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Ҳодисаҳоеро, ки дар ҳаётатон рух медиҳанд, ба дил наздик қабул накунед. Корҳоятон хуб мешаванд, ба шарте ки руҳафтода нашуда, ба умеди кумаки бегонаҳо нашавед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ манбаи нави даромад ҷустанатон лозим меояд. Аз маслиҳатҳои шахсе, ки дӯсташ медоред, рӯ нагардонед. Барои сар кардани табобат рӯзи мусоид аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз дар бораи худ ва дӯстдоштаатон овозаҳои зиёдеро мешунавед. Агар оқилу дурандеш бошед, ба ғайбатҳо бовар накунед. Вазъи молиявиатон хуб аст, вале агар пулро сарфа накунед, ба зудӣ кисаҳоятон холӣ мегарданд. Асабҳои харобгаштаро танҳо дар муҳити орому осоишта табобат карда метавонед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Аз субҳи содиқ бояд нақшаи кору истироҳатро тартиб диҳед, то ки ниятҳоятонро амалӣ карда тавонед. Табъи нохуши худро пинҳон доред, вагарна, ба гирдоби яъсу ноумедӣ гирифтор мегардед. Вохӯрии аҷиб фикру ақидаҳоятонро ба бисёр чизҳо тағйир медиҳад. Ҳангоми дар нақлиёт сафар кардан эҳтимоли гум кардани телефон ё чизи қиматбаҳоятон вуҷуд дорад.  

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Барои сари қарори тақдирсоз омадан бароятон ду рӯз кифоя аст. Дар масъалаҳои пулӣ бештар бо наздикони худ маслиҳат кунед. Нафароне, ки аз дарди меъда азият мекашанд, набояд ба худтабобаткунӣ машғул шаванд. Бегоҳирӯзӣ ба хонаатон меҳмон меояд. Барои мулоқоти ошиқона рӯзи созгор аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

Маслиҳати дӯсти наздикатонро бо назари танқид қабул накунед. Андешаи он ки дӯстатон ба зиндагии шумо бинӣ мехалонад, комилан ғалат аст. Дӯсти зиндагидидаатон сидқан ба шумо кумак кардан мехоҳад. Агар дар масъалаи фурӯши тиҷорати шахсӣ ба ҳуқуқшинос муроҷиат кунед, зудтар ба мақсад мерасед. Дарди сару асабоният ба саломатиятон беасар намемонад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз душманон дар ҳақатон ноадолатиҳои зиёде мекунанд. Ҳушёр бошеду бадхоҳонро бе танбеҳ намонед. Аз ҷониби нафаре, ки нисбаташ бетафовут нестед, таърифу тавсифи зиёд мешунавед. Аз бепул мондани худ руҳафтода нашавед, рӯзҳои наздик вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад. Нисбати саломатии шахси бароятон азиз фориғболӣ накунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *