Як гуруҳ донишҷӯён аз Қазоқистон ба Ӯзбекистон интиқол дода шуданд

Тавре «Дунё» бо такя ба маълумоти Сафорати Ӯзбекистон дар Қазоқистон хабар медиҳад, 35 донишҷӯи ӯзбекистонӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Қазоқистон ба номи Нарикбоев таҳсил мекарданд, ба ватан баргардонида шуданд.

Бино ба иттилои манбаъ, онҳо бо ҳавопаймои Uzbekistan Airways ба Тошканд парвоз кардаанд.

«Тамоми ин рӯзҳо волидони хонандагон дар ташвиши сарнавишти фарзандонашон барои худ ҷойи нишаст намеёфтанд. Аммо ба шарофати сиёсати иҷтимоии Шавкат Мирзиёев ва ғамхории ӯ нисбати шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки на як бору ду бор тасдиқ шудааст, фарзандони мо ба Тошканд баргардонида хоҳанд шуд»,- навиштааст раиси кумитаи падару модарони донишгоҳ Тура Тураев дар Telegram.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *