Толеъноми 17 июн 2018
Азбаски шумо мусобиқа кардану ғолиб омаданро дӯст медоред, ин нерӯятон дар ҷодаи касбӣ ба кор меравад. Рақибонро мағлуб месозед, ҳамкорон ба шумо ҳасад мебаранд, роҳбарият аз коратон қаноатманд мегардад. Бештар дар ҳавои тоза вақт гузаронида, табъатонро болида мегардонед.
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Шумо пайваста аз тарси он ки дер мекунед, ҳама корро пеш аз муҳлат ба анҷом мерасонед. Каме истиҳола намуда, аз зебогиҳои табиат лаззат бардоред. Ба нафаре, ки ба шумо душманӣ кардан мехоҳад, имкони зарар расониданро надиҳед. Вақти зиёди худро дар сафар мегузаронед. Бештар бо атрофиён дар робита бошед, аз навигариҳо қафо намонед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Вазъи молиявӣ хотиратонро шод мегардонад, вале пулро зиёд сарф кардану аз боигарии худ лоф заданро маслиҳат намедиҳем. Беҳтараш маблағи худро сарфа намоед, зеро рӯзҳои наздик ба пул ниёз пайдо мекунед. Ба дӯстдоштаи худ вақти бештаре ҷудо кунед, аз ҳузури шумо хеле шоду масрур мегардад. Агар дар ин рӯз кибру ғурур ва тундмизоҷиро аз худ дур созед, муваффақияти бештаре ба даст меоред.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Аз тағйиротҳои ба саратон омада наҳаросед. Аввали рӯз асрори мушкилеро, ки қаблан барои шумо муаммо буд, мекушоед. Имконияти беҳтар сохтани муносибатро бо баъзе ҳамкорон пайдо мекунед, ҳатто баъзе хушомадгӯён ва нафарони дурӯя ба хотири бо шумо дӯстӣ кардан тарки одат мекунанд. Тамоми дарҳое, ки қаблан бароятон баста буданд, дар ин рӯз боз мегарданд.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Рӯзи пур аз таассуротҳои фаромӯшношуданист. Худро ба даст гиред, зеро корҳоятон хеле зиёд мегарданд. Барои тағйир додани касбу кор рӯзи бобарор аст, вале нақшаву ниятҳои худро ба касе нагӯед. Дар масъалаҳои молиявӣ каме душворӣ сар мезанад, пули зиёд ба даст оварда, чӣ гуна сарф карданашро намедонед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Танбалии шуморо фаҳмидан мумкин аст, вале агар аз пайи кор нашавед, маблағи хубро аз даст медиҳед. Нақшаву ниятҳои худро ба ғайр аз дӯстони дилпур ба касе фош насозед. Аз гуфтори беандеша худдорӣ намоед. Охири рӯз шумо бо таҷрибаи андӯхтаатон зиндагиро бо нигоҳи дигар оғоз мекунед. Шабҳои танҳоиро бештар ба тоату ибодат гузаронед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Мизонҳои муҷаррад ними аввали рӯз майл ба муносибатҳои ошиқона мекунанд. Маҳз дар ҳамин рӯзҳо бахти худро пайдо карда метавонед. Аз муноқиша кардан бо ҳамсафари ҳаётӣ худдорӣ намоед, вагарна аз рафтори ӯ сахт ба шигифт меоед. Дар масъалаҳои молиявӣ ташвише ба саратон намеояд, вале дар масъалаҳои пулӣ аз нафари кордон маслиҳат пурсида бурд мекунед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Барои ақрабҳое, ки дар саломатияшон мушкилӣ вуҷуд дорад, нимаи аввали рӯз барои табобат созгор меояд. Ташхис бо истифода аз таҷҳизоти душвори тиббӣ тавсия дода мешавад. Рубучини тамоми хонаву дар ба саломатиятон таъсири хуб мерасонад. Нимаи дуюми рӯз барои муносибатҳои ошиқона созгор меояд. Ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқии рӯзгор чораҳои бехатариро риоя намоед
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Имрӯз аз маъракаҳои дилхушкунанда рӯ нагардонед. Агар шумо муҷаррад бошед, бо нафаре вомехӯред, ки умре дар ҷустуҷӯяш будед. Ба нуқтаи назари атрофиён гӯш андозед ва нисбати шумо низ чунин рафтор мекунанд. Нимаи дуюми рӯз хешовандонатон ба шумо кӯмаки молиявӣ мерасонанд. Маблағи ба дастовардаро барои рафъи мушкилатон сарф карда метавонед.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ҳама фикрҳои корӣ ва мушкилоти рӯзгорро канор гузошта дар пайи истироҳати тану рӯҳатон шавед. Ба оббозӣ равед, ҳамррроҳи тифлакон ба саёҳат равед. Барои барқарории қувваи ҷисмонӣ ва оромии асабҳо бештар хоб кунед. Аз муноқиша бо аҳли хонавода худдорӣ намоед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Аввали рӯз аз роҳи дур хабареро мешунавед, ки нақшаҳои ба истироҳат рафтани шуморо вайрон мекунад. ҳарчанд нисбати оне, ки имрӯз ба кумаки шумо ниумо ниёз дорад кина доред, вале боз ҳам ба вай ҷавоби рад надиҳед. Агар дар ҷавоби бадиҳояш шумо низ бадӣ кунед пас байнатон фарқе нахоҳад монд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Рӯҳияи идона ҳанӯз дар ҳаво ҳукмфармо буда, дилатон навгонӣ мехоҳад. Аз даъвати меҳмоние, ки имрӯз мегиред сарпечӣ накунед. Эҳтимол шумо дар онҷо ишқи зиндагиатонро вомехӯред. Аз нӯшидани нӯшокиҳои алкоголӣ худдорӣ намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ