Толиб Бегимқулов пас аз 21 сол пайдо шуд, аммо…

Як марди тоҷик, ки соли 2003 бо нияти мардикорӣ ба Русия рафта, беному нишон гум шуда буд, пас аз 21 сол пайдо гардид.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Толиб Бегимқулов, ки аслан аз деҳаи Шӯрноваи шаҳри Панҷакент аст, дар Қазоқистон ёфт шудааст.

Вай ҳангоми сафар ба Русия дар ҳудуди Қазоқистон ба садамаи нақлиётӣ дучор гардида,  дар натиҷа осеби майнаи сар бардоштааст. Ҳамчунин, номбурда гирифтори бемории фаромӯшхотирӣ  шудааст.

Ба гуфтаи подполковники милитсия Акбар Шарифӣ, Бегимқулов Толиб натавонистааст ёд орад, ки аз куҷо меояд ва ҳамаи маълумот дар бораи худу пайвандонашро фаромӯш кардааст.

Волидони Толиб аз соли 2014 ба ин тараф барои ёфтани ӯ кӯшиш мекарданд. Аммо Толиб замоне ёфт шуд, ки волидонаш  аллакай даргузаштанд.  Толиб Бегимқулов бошад, дар шаҳри Чимкенти Қазоқистон, дар хонаи як шаҳрванди маҳаллӣ зиндагӣ мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *