Толиб Шаҳидӣ

Толиб, вақтро аз даст надиҳед!

Толиб Шаҳидӣ бо табассум мегӯяд, ки зиндагиаш солҳои охир бештар дар сафар мегузарад. Маскав, Лондон, Душанбе маконҳои маъмулии саёҳату зиндагии ӯст.  

Толиб Шаҳидӣ, ки чанд рӯз қабл 77-сола шуд, дар зиндагӣ аз рӯйи насиҳати устодаш Арам Хачатурян, ки соли 1971 зери аксе, ҳамчун соядаст навишта буд, амал мекунад: “Толиб, вақтро аз даст надиҳед!”. Ӯ ҳам як умр мекӯшад фурсатро аз даст надиҳад, биёфарад ва дар саросари олам муаррифӣ намояд.

Толиб Шаҳидӣ вақте аз пайванди хеш бо мусиқӣ меандешад, ҳавлии падарро ба ёд меорад. Хонаи Зиёдуллло Шаҳидӣ (1914-1985) макони кору эҷоди устодони ҳунар — Барно Исҳоқова, Туҳфа Фозилова, Аҳмад Бобоқулов, Шоиста Муллоҷонова, Ҳанифа Мавлонова, Бурҳон Муҳаммадқулов ва дигарон буд. Баъдан, оҳангсоз Юрий Тер-Осипов ба Душанбе омад ва муддате дар хонаи онҳо иқомат кард. Дар ин муҳит Толиб наметавонист оҳангсоз нашавад.

Дар мактаби мусиқӣ таҳсил кард, Консерваторияи Маскавро хатм намуд, хидмати яксоларо дар Артиши Шӯравӣ гузашт ва умри боқимондаи худро ба оҳангҳо бахшид. Узви Иттифоқи оҳангсозони СССР шуд, барои филмҳо, спектаклҳо, Театри опера ва балет, сарояндагону навозандагон оҳангҳо эҷод кард, баъдан ба иншои асарҳои калони мусиқӣ даст зад.

Балетҳои «Спитамен» (1975), «Марги судхӯр» (1978), «Хотираи қалб» (1981), «Юсуф ва Зулайхо» (1988), «Сиёвуш» (1992), симфонияҳои «Тоҷикон» (1978), «Абӯалӣ ибни Сино» (1983), «Мақомот» (1984), достони симфонии «Садо» (1984), консерт барои фортепиано бо оркестр (1985), симфония-элегия ба хотираи Зиёдулло Шаҳидӣ барои оркестри торӣ, арфаҳо ва литавраҳо (1985), симфонияи камеравии «Чарх» барои оркестри торӣ ва ду фортепиано (1985), операҳои «Ҳифзкунандаи оташ», (1989) «Бинӣ-Котула» (1989), «Юсуф ва Зулайхо» (1990), «Халиф Лаклак» (1992), «Зани зебо ва гул» (1992), “Сиёвуш» (1999) «Амир Исмоил» (2000) ва ғайра шоҳкориҳои маэстро ҳастанд. 

Филм-балети“Рубоиёти Хайём”-аш аз соли 1980 то 1991 ҳар сол дар зодрӯзи Малика Собирова аз шабакаи аввали телевизиони Иттиҳоди шӯравӣ пахш мешуд.

Толиб Шаҳидӣ имрӯз бештар дар хориҷа кору фаъолият мекунад. Консертҳои ӯ солҳои охир дар саҳнаҳои бузурги Бритониёву Австрия, Итолиёву Олмон, Исроилу Русия бо ширкати беҳтарин оркестрҳо, навозандагон ва дирижёрҳо баргузор мешавад. Дар ин консертҳо талош мекунад дар баробари намунаҳои нави эҷодаш, инчунин симфонияҳои шеърии “Садо”, “Идона”, балети “Марги судхӯр” ва “Сиёвуш”, асари “Ҳофизнома” (эҷодшуда барои Фаррух Қосимов), симфонияи “Тоҷикон” (бахшида ба асари “Тоҷикон”-и Б. Ғафуров)-ро муаррифӣ кунад.  

Асарҳои Т. Шаҳидӣ дар бисёр фестивалҳои мусиқӣ дар ИМА, Олмон, Россия, Англия, Франсия, Қазоқистон, Туркия, Эрон иҷро карда мешаванд. Ӯ дорандаи мукофоти мусиқии беҳтарин дар Кинофестивали Белгия (2008) буда, дарсҳои маҳоратии ӯ дар Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. И. Чайковский, Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Курмангазӣ, Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Эрон, Донишгоҳи мусиқӣ ва рақси шаҳри Ковентрии Британияи Кабир доир гардиданд. Нахустнамоишҳои асарҳои ӯ дар ҳамбастагии эҷодӣ бо дирижёрҳо ва иҷрокунандаҳои маъруф, ба мисли Марк Эрмлер, Дмитрий Китаенко, Валерий Гергиев, Александр Слутский, Сергей Скрипка, Йо Йо Ма, Сергей Кравченко, Игор Гавриш, Ноком Эрлик, Бежан Ҳадам Мисоқ, ансамбли флейтаҳо «Сиринск», Екатерина Мечетина, Хибла Герзмава, Игор Фёдоров, Валерий Шкарупа, ифтихори мактаби пианинонавозии Тоҷикистон ва Эрон Дилбар Ҳакимова ва дигарон амалӣ мегарданд.

Амирбеки Мӯсо, раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон вижагии ҳунарии Толиб Шаҳидиро дар он мебинад, ки “ҳамчун композитор дар тамоми жанрҳои мусиқии касбӣ асар эҷод намудаанд. Масалан, аз жанри хурд барои фортепиано, асарҳо барои кларнет, скрипка, флейта сар карда то барои оркестри камеравӣ, эстрадиву симфонӣ асарҳои муҳташам эҷод кардааст”.

Ӯ мегӯяд, балети “Спитамен”, “Марги судхӯр”, филм-балети “Хайёмнома”, операи “Амир Исмоил”, операҳои бачагонаи “Бинии котула”, “Ҳифзкунандаи оташ”, “Халиф Лаклак”, “Зани зебо ва гул” ҳамасола дар саҳнаи Театри операву балети ба номи С. Айнӣ намоиш дода мешаванд.

Амирбеки Мӯсо Шаҳидиро дар ҳунари оҳангсозии миллӣ як “ихтироъкор” ва “навовар” номид, ки равияҳои мусиқии замонавиро бо мусиқии миллӣ синтез ё омехта кард ва жанрҳои навини мусиқии муосир эҷод шуд.

Камолиддин Сайфиддинов, раиси Театри операву балети ба номи С. Айнӣ гуфт, эҷодиёти Шаҳидӣ “ҳамаҷониба аст: ӯ ҳам як хирадманд асту ҳам як шахси фаъол ва баробар бо ин як хаёлпарвар. Ӯ як ҳокими мусиқӣ аст, ки бо нирӯи тасаввур ва хаёлаш қодир ба эҷоди майдони муҳорибаҳои шадид (операи “Амир Исмоил”) ва қиссаи ишқу зебоӣ (операи “Зани зебо ва гул”) мебошад. Ман хушбахтам, ки се насли Шаҳидӣ — Зиёдулло, Толиб ва Табризро бишиносам ва онҳоро як авлоди бисёр боистеъдод ва рӯшанфикр дарёфтам”.

Толиб Шаҳидӣ имрӯз бештари вақти хешро дар канори се писар ва даҳ наберааш мегузаронад. Ҳамсараш нависанда Гулсифат Шаҳидӣ ҳамеша ҳамроҳу ҳамсафари ӯст.

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *