Нахустин чемпионати Осиёи Марказӣ дар Бишкек ва Тошканд

Нахустин чемпионат дар таърихи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ширкати дастаҳои мунтахаби узви он аз 11-ум то 20-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Тошканд ва Бишкек баргузор мешавад.

Дар Чемпионати CAFA-2023 ҳамаи шаш дастаи узв, дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкати худро тасдиқ кардаанд.

Дар назар аст, ки дастаи мунтахаби Русия ва як дастаи дигар аз Осиё, шояд Тайланд, ё шояд Чин низ дар ин мусобиқа ширкат кунанд. Ин дастаҳо то 31-уми март метавонанд ширкати худро тасдиқ кунанд. Дар мусобиқа ҳашт даста ба ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ ҷудо мешаванд, ки дар он бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давр баргузор мешаванд.

Бозиҳои гурӯҳӣ рӯзҳои 11, 14 ва 17-уми июн дар шаҳрҳои Бишкек (Қирғизистон) ва Тошканд (Ӯзбекистон) баргузор хоҳанд шуд. Дастаҳои ғолиби ҳар гурӯҳ дар финал барои ҷойи аввал мубориза мебаранд. Дастаҳои ҷойи дуюми гурӯҳҳо барои соҳиб шудан ба ҷойи сеюм як бозӣ анҷом медиҳанд.

Баргузории ин бозӣ ва финали мусобиқа рӯзи 20-уми июн дар Тошканд ба нақша гирифта шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *