Толибон бомбаи атомӣ месозанд. Таҳдиди хатар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ

Қаблан Амрико дар ин бора эълон дошта буд, ки ҷангиёни «Толибон»* шояд ба яроқи ҳастаӣ дастрасӣ пайдо кунанд

Агар ин яроқи ҳаставӣ ба дасти Толибон гузарад, пас, кӣ медонад ояндаи ҷаҳонро чӣ хатарҳое таҳдид мекунанд? Магар нисбати амали Толибон ҷаҳони муосир хомӯшӣ ихтиёр менамояд? Охир Амрико то ба имрӯз Эронро тақибу фишор меоварад, ки аз сохтани яроқи ҳаставӣ даст кашад, пас чаро бо ин осонӣ ба Толибон имкон дода мешавад, ки дорои чунин яроқи ҳаставӣ бошанд? Ҳол он ки Эрон як кишвари абарқудрату мутамаддин ҳаст ва дониста аз он яроқи ҳаставӣ корбурд мекунад, вале Толибон нав ҷилави давлатдориро ба даст гирифтаву бидуни ҳич як андеша метавонад, ин яроқро барои ҳадафҳои нопоки худ истифода намояд.

Ва таҳлилгарон бар онанд, ки «Толибон»* метавонанд ба таҳаввулоти офарандаи силоҳи ҳастаии Покистон Абдулқодирхон дастрасӣ пайдо кунанд.

Дар ин бора Sputnik Афғонистон хабар дод. Донишманди физики  покистонӣ, ки ҳамзамон ба истеҳсоли силоҳи ҳастаӣ машғул буд, чанде қабл бар асари маризе дар синни 86 — солагӣ аз олам даргузашт.

Ба хотири ин олим, дар Покистон баргузор кардани чандин чорабиниҳо дар назар аст.

Қайд кардан зарур аст, ки  таҳияи барномаи ҳастаӣ дар Покистон аз соли 1956 пас аз таъсиси Комиссияи энержии атомии Покистон оғоз шуд ва Абдулқодирхон соли 1975 ба бомбаи атомӣ пайваст. Қаблан ӯ дар Нидерланд дар консорсиуми аврупоии URENCO кор мекард.

Таҳлилгарон бар онанд, ки ин бори аввал нест, ки овозаҳову гуфтаҳо дар бораи дастрасии «Толибон»* ба силоҳи ҳастаӣ пайдо шудаву расонавӣ мешавад. Пештар, мушовири собиқи президенти пешини ИМА Доналд Трамп оид ба амнияти миллӣ Ҷон Болтон аз ин хусус изҳорот дода буд.

Бо хуруҷ ва ё нотавонии Амрико дар ин кишвар Толибон хеле қудратманд гардиданд.Пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон, арсенали ҷангиён бо силоҳҳои гуногун пур карда шуд. Ва дар ҳамин замина, радикалҳо тавонистанд ба авиатсияи ҳарбӣ дастрасӣ пайдо намоянд.

 Агар созмонҳои байналмилалии ҳифҳзи ҳуқуқи инсон ва кишварҳои абарқудрат, садди ин роҳ нагарданд, пас аз эҳтимол дур нест, ки фоҷиаҳои хунинину нангин паси ҳам дар тамоми сайёра ба вуқуъ пайванданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *