Самарқанд дигар тайёра қабул намекунад

Ҳама хатсайрҳои Самарқанд ба фурудгоҳҳои Навоӣ, Бухоро ва Қаршӣ равона карда мешаванд.

Тавре хадамоти масъули фурудгоҳҳои Ӯзбекистон хабар додааст, фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд муваққатан баста мешавад. Майдони ҳавоӣ як моҳ ҳавопаймо қабул нахоҳад кард. Фурудгоҳ аз 20 октябр то 20 ноябр баста мешавад.

Мақомоти кишвар ин тасмимро дар робита ба омодагӣ ба ифтитоҳи маҷмааи нави аэродром гирифтаанд. Ҳама хатсайрҳои Самарқанд ба фурудгоҳҳои Навоӣ, Бухоро ва Қаршӣ равона карда мешаванд.

Мусофирон метавонанд аз Самарқанд ба наздиктарин фурудгоҳ бо истифода аз хатсайрҳои махсус ташкилшудаи нақлиётӣ расанд.

Маҷмааи фурудгоҳ дар Самарқанд дар доираи омодагии инфрасохтори шаҳр ба нишасти СҲШ, ки соли 2022 баргузор мешавад, сохта мешавад.

Ҳоло мутахассисон сохтмони хатсайри нави парвозро қариб ба анҷом расониданд. Дарозии он зиёда аз се ҳазор метр ва паҳнояш 60 метр хоҳад буд.

Мутахассисон нақша доранд, ки корро дар давоми як моҳ ба анҷом расонанд.

Тарҳи лоиҳа  62 миллион доллар арзиш дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *