Толибон дар ҳамлаи Кобул даст надоштаанд
Дар пайи ҳамлаи рӯзи панҷшанбе ба бинои хабаргузории «Садои афғон» дар шаҳри Кобул, 40 нафар ҷон бохта ва 31 тани дигар захмӣ шудаанд.
Нусрат Раҳимӣ, муовини сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфтааст, ки ҳама қурбониёни ин ҳамла ғайринизомиён ҳастанд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳимӣ, ҳамлаи аввал интиҳорӣ буд ва ба дунболи он ду таркиш рух додааст.Нусрат Раҳимӣ дар идома гуфт, ки ин таркиш дар як маркази таълимӣ-фарҳангӣ ба номи «Тибён» сурат гирифтааст. Аммо Ҳасан Ҳусайнӣ, масъули хабаргузории «Садои афғон» аз маҳалли ҳодиса гуфтааст, ки ин як ҳамлаи интиҳорӣ буд ва ҳамлаварон дохили дафтари кории онҳо шуданд. Ба гуфтаи вай, шуморе аз кормандони онҳо дар ин ҳодиса ҷон бохтаанд.Ин масъули хабаргузории «Садои афғон» айни ҳол ба бахши форсии радиои Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, ки имрӯз нишасте аз донишҷӯён дар ин дафтар идома дошт. Ба гуфтаи ӯ, ин нишасти илмӣ-таҳқиқотӣ барои баррасӣ дар робита ба ҳамлаи нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба Афғонистон, ихтисос ёфта буд.Вазорати тандурустии Афғонистон гуфтааст, ки то ба ҳол панҷ кушта ва 21 замхии ин ҳамла дар ғарби Кобул ба бемористон интиқол дода шуданд. Исмоил Ковусӣ, сухангӯи ин вазорат гуфтааст, ки ин омори ибтидоӣ аст ва эҳтимол дорад шумораи қурбониён бештар бошад.То ба ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст. Гурӯҳи Толибон даст доштани худ дар ин ҳамларо радд кардааст. Раёсати ҷумҳури Афғоистон ин ҳамларо маҳкум карда ва онро ҷинояти зиддибашарӣ хондааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ