«Иҷрокунандаи беҳтарини сол-2017» ҷамъбаст гардид

Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов бахшида ба Соли ҷавонон озмуни анъанавии «Иҷрокунандаи беҳтарини сол-2017» ҷамъбаст гардид.
Дар маросим намояндагони мактабҳои олӣ ва миёнаи мусиқӣ, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва ҳаводорони савту наво иштирок намуданд.

Тавре дар ин бора  аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар барномаи консертӣ ғолибони озмуни мазкур, ки аксар донишҷӯёни Консерватория буданд, намунаҳои гуногуни осори классикиву муосири композиторони ватаниву хориҷиро манзури аҳли толор гардониданд.

Барномаи консертӣ дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардида, аз ҷониби тамошобинон ва устодону коршиносон баҳои баландро сазовор гардид.

Дар фарҷоми барнома ба ғолибони озмуни «Иҷрокунандаи беҳтарин-2017» диплом ва мукофотҳо супорида шуданд.
Шоҳҷоизаи озмун насиби Зебуниссо Мирова гардид, ки дар навозиши фортепиано беҳтарин дониста шуд.

Манижа Ғафурова лауреати ҷоизаи «Консертмейстери беҳтарин» ва Лутфулло Ансорӣ лауреати ҷоизаи Иттифоқи композиторон гардиданд.
Ҳамчунин ҷойи аввалро  Шараф Рашидов  дар бахши «Созҳои миллӣ», Абдумалик Зиёдуллоев дар «Навозандагии анъанавӣ», Шоҳсанам Юсуфова ва Ҳикматулло Анваров дар бахши «Сарояндагии анъанавӣ»  сазовор гардиданд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *