Толибон Карзайро латукӯб ва таҳдиди куштан кардаанд
Ҳомид Карзай, собиқ президенти Афғонистон аз тарафи Толибон латукӯб шуда, мавриди таҳдид ба марг қарор гирифтааст. Дар ин бора Андрей Серенко, коршиноси масоили Афғонистон дар шабакаи “Телеграмма”-и худ хабар додааст.
Серенко гуфтааст, ки ин ҳодиса ду ҳафта пеш дар ҳоле рух дод, ки Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури пешини Афғонистон Покистонро барои бастани мактабҳо дар Афғонистон интиқод кард.
«Гуруҳе аз Толибон ба хонаи ӯ дар Кобул зада даромаданд. Ҷангҷӯёни Толибон, ба гуфтаи манобеи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, Карзайро латукӯб карданд. Ҳамзамон, Ҳомид Карзайро ба марг таҳдид карданд. Дар охир Толибон ба Карзай ҳушдор доданд, то дигар ҷуръат накунад, ки Толибон ва Покистонро интиқод кунад»,- менависад Серенко.
Ҳомид Карзай Афғонистонро аз декабри соли 2001 то 2004 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур ва аз декабри соли 2004 то 2014 ба ҳайси раисиҷумҳури Афғонистон раҳбарӣ кардааст. Бо ба сари қудрат омадани Толибон дар баробари як арбоби дигари давлатӣ Абдулло Абдулло аз муҳофизон маҳрум шуд ва сипас барои муддате дар ҳабси хонагӣ қарор гирифт.
Ба гузориши Sputnik Афғонистон, ҳоло сафар ба Карзай ба хориҷ аз Афғонистон мамнуъ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ