Тасмими КА ва 10 миллион евро барои дастгирии бахши энергетикии Тоҷикистон

Мудирияти кулли Комиссияи Аврупо оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ тасмим гирифтааст, ки барои иҷрои барномаҳои пуштибонӣ аз бахши энергетикӣ дар Тоҷикистон 10 миллион евро ихтисос диҳад.

Дар ин бора Газета.ру иттилоъ дода, бо истинод ба ҳуҷҷатҳои тендер афзудааст, ки «лоиҳаи мазкур ба истифодаи манбаъҳои устувори энергия дар Тоҷикистон тавассути нигоҳ доштани муҳити мувофиқи институтсионалӣ ва танзимкунанда дар соҳаи энергетика мусоидат хоҳад кард».

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки маблағҳои ҷудошуда аз ҷумла бояд ба рушди иқтидор ва самаранокии Вазорати энергетика ва захираҳои об, ширкати «Барқи Тоҷик» ва Раёсати танзими нерӯи барқи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *