Толибон: Тоҷикистон бо мо алоқа барқарор кунад

Муовини вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон аз Тоҷикистон хостааст, ки бо давлати ин гурӯҳ дар Афғонистон робита барқарор кунад. Шермуҳаммад Аббос Станикзай, муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ин матлабро рӯзи 15-уми декабр зимни суханронӣ дар маркази фармондеҳии артиши Афғонистон дар шаҳри Ҳирот баён кардааст.
Телевизиони миллии Афғонистон, ки дар ихтиёри Толибон аст, дар ҳисоби корбарии худ дар «Твиттер» аз қавли Аббос Станикзай навишт, ин гурӯҳ бо ҳамаи кишварҳо хоҳони робитаҳои наздик мебошад. Ӯ дар идома гуфтааст, ки «мо бо кишвари Тоҷикистон муштаракоти бисёре дорем».
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишварест, ки бо Толибон робитаҳои дипломатӣ надорад ва сиёсатаҳои онҳоро ба таври ошкор интиқод кардааст.
Давлатмардони тоҷик пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон дар муносибатҳои мухталиф аз ин гурӯҳ даъват карданд, ки бо иштироки ҳамаи ақвоми он кишвар, аз ҷумла тоҷикҳо, ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *