Ҳаҷҷи Умра иҷозат шуд

Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозати Ҳаҷҷи Умра дод

Тоҷикистон расман иҷозати Ҳаҷҷи Умраро гирифт. Арабистони Саудӣ ба шарти доштани ваксина алайҳи бемории коронавирус ба зоирони тоҷик иҷозати ба ҷо овардани ҳаҷро додааст.

Вале дар Тоҷикистон ҳоло тасмими ба ҳаҷ сафар кардани зоирон гирифта нашудааст ва ҳама интизори иҷозати расмии Ситоди фаврии мубориза алайҳи коронавирус дар кишвар ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол аз Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, ки феълан ситоди мазкур ягон тасмим нагирифтааст.

«Сарфи назар аз ин ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони ваксинашудаи мо иҷоза медиҳад, аммо мунтазири иҷозаи ситоди ҷумҳуриявӣ ҳастем. Айни ҳол корҳои омодагӣ барои фиристодани шаҳрвандон ҷараён дорад, вале мунтазири иҷозаи ниҳоии ситодем», — гуфт Афшин Муқим сухангӯи Кумитаи дин.

Ёдовар мешавем, аз ҷониби Арабистони Саудӣ вуруд ба ин кишвар бо назардошти як қатор шартҳо мамнуъ шуда буд.

Мақомоти Арабистони Саудӣ ба хориҷиёне, ки зидди коронавирус ваксина гирифтаанд, иҷоза медиҳанд, ки ба ин кишвар сафар кунанд. Ҳамзамон ваксинаҳои алайҳи коронавирус бояд аз ҷониби Ҳукумати Арабистони Саудӣ тасдиқ шуда бошанд.

Ба ин рӯйхат «Pfizer», «AstraZeneca», «Moderna», «Johnson & Johnson», «Sinopharm» ва «Sinovac» дохил мешаванд.

Аз оғози соли 2022 Арабистони Саудӣ ҳамчунин «Спутник V»-и Русияро ба рӯйхати ваксинҳои тасдиқшуда ворид мекунад.

Ҳамин тариқ шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ваксинаҳо алайҳи коронавирусро гирифтаанд, метавонанд ба Макка бираванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *