Толибон: Мо аз ҳар ду кишвар хоҳони онем, ки мушкилоташонро аз тариқи гуфтушунид ҳал кунанд
Аз даргирӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон , «ибрози таассуф» карда, аз ҷонибҳо хостааст, «мушкилоти худро бо роҳи гуфтушунид ҳал кунанд».
Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон, дар баёнияи ки 31-уми январ дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шуд, аз ҷумла омадааст, «Имороти Исломии Афғонистон робитаҳои дӯстона миёни тамоми кишварҳои минтақаро вобаста ба сулҳ, субот ва рифоҳи иқтисодии тамоми ҳавзаҳо мепиндорад. Мо аз ҳар ду кишвар мехоҳем, то ба мушкилоти пасин, аз тариқи гуфтугӯ роҳи ҳал дарёбанд.»
Саҳради Тоҷикистону Қирғизистон шаби 27-уми январ шоҳиди боз як низои мусаллаҳона шуд, ки дар натиҷа ду шаҳрванди Тоҷикистон куштаву ва аз ду ҷониб беш аз 20 нафар захмӣ шуданд. Хушунатҳо 28-уми январ хотима ёфт ва ҷонибҳо пушти мизи гуфтугӯ нишастанд. Низоъ баъди он сар зад, ки мақомоти ду кишвар якдигарро ба роҳбандӣ гунаҳкор карданд, гуфтааст Озодӣ.
Ин бори дувум аст, ки «Толибон», ки даргири ҷанг дар Афғонистон аст, дар робита ба танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳори назар мекунад.
Қаблан онҳо дар мавриди даргирӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ибрози назар карда буданд, ки саргарми ҷангҳои хунин бо нерӯҳои давлатии Афғонистон ҳастанд. Онҳо дар моҳи апрели соли гузашта аз Тоҷикистону Қирғизистон хоста буданд, ки мушкили марзиро аз роҳи музокирот ҳал кунанд.
Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрели соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон задухӯрди мусаллаҳона рӯй дод, ки бар асари он аз ду ҷониб даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд. Сабаби чунин муноқишаҳо марзи таъйину аломатгузориношудаи байни ду кишвар аст.
Тоҷикистон ва Қирғизистон гурӯҳи Толибонро як созмони террористӣ медонанд ва фаъолияти онро дар қаламравҳои худ манъ кардаанд. Ин ду кишвар бо ҳукумати Толибон робитаҳои дипломатӣ надоранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ