Вазорати тандурустӣ: Акнун муроҷиати шаҳрвандон тариқи электронӣ роҳандозӣ мегардад

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти амалишавии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” яке аз фаъолиятҳои пешбинишуда — ин ворид намудани системаи электронии муроҷиати шаҳрвандон мебошад.

Гуфта мешавад, ки ин механизм дар доираи рушди ҳукумати электронӣ, бо назардошти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” таҳия гардидааст.

— Ба хотири фаъолияти самаранок дар ин самт барои шуъбаи умумии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва намояндагиҳои он дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ таҷҳизоти махсус (серверҳо) харидорӣ ва насб карда шуданд. Ҳамчунин, ба ин таҷҳизот хати  интернети оптикӣ гузаронида шудааст. Дар баробари ин, барои ҳар яки ин марказҳо таҷҳизоти компютерӣ харидорӣ ва насб карда шуд. Акнун тавассути ин система тартиби муроҷиати шаҳрвандон ба тариқи электронӣ роҳандозӣ мегардад, ки барои сарфаи вақт ва маводи конселярӣ мусоидат хоҳад кард. Бо дастрасӣ ба ин тартиб ҳамаи шаҳрвандони кишвар ва берун аз марзи Тоҷикистон қарордошта метавонанд тавассути почтаи электронӣ, тариқи зангҳои телефонӣ бо дилхоҳ дархосту пешниҳод ва арзу шикоят ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат кунанд,- меафзояд манбаъ.

Зикр мегардад, ки лоиҳа дар доираи фаъолияти худ ҷалби мутахассисон ва дастгирии онҳоро барои амалисозии босамари механизми мазкур ба роҳ мондааст.

Аз ин хотир, барои кормандони шуъбаи умумии вазорат, мутахассисони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва намояндагиҳои он дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ даври омӯзишӣ баргузор гардидааст. Дар рафти омӯзиш созандагони барнома, мутахассисони Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” ва мутахассисони хадамот оид ба роҳу усулҳои муроҷиат, дастрас намудани он ба мутахассисону масъулон дар сатҳи деҳот, шаҳру ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ фикру андешаҳои худро баён намуда, гардонидани посухи саривақтӣ ба муроҷиаткунандагонро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *