Томографияи компютерӣ кай фаъол мешавад?

Аз соли 2017 инҷониб ягона таҷҳизоти компютерии томографияи давлатӣ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон фаъолият намекунад.

Ба гуфти Чорёр Нурализода, директори Маркази ташхисӣ — табобатии вилояти Хатлон, ин таҷҳизот бо харҷи қариб 250 миллион сомонӣ ҳанӯз соли 2011 ба минтақаи Бохтари вилояти Хатлон оварда шуд.

 “Аз соли 2011 то соли 2017 мо барои муайян кардани бемории муроҷиаткунандагон аз ин таҷҳизот ба таври васеъ истифода кардем. Аммо дастгоҳи мазкур се сол боз аз кор мондааст, вале марказ барои пурра барқарор кардани он имкони кофии молиявӣ надорад. Зеро барои дубора фаъол кардани томографияи компютерӣ кам не,  800 ҳазор сомонӣ лозим аст”-гуфт вай.

Мутасаддиён бо мақсади бартараф кардани ин мушкилӣ борҳо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  муроҷиат кардаанд. Посух гирифтаанд, ки барои ҷудо кардани ин миқдор маблағ ҳоло имкон нест.

Нурализода муътақид аст, ки аз дубора фаъол шудани таҷҳизоти мазкур, пеш аз ҳама, корафтодагон-беморон бурд мекунанд. Зеро агар дар ин муассисаи давлатии тиббӣ як ташхис 155 сомонӣ муқаррар шуда бошад, дар муассисаҳои хусусӣ он то 450 сомонӣ арзиш дорад, ки ин маблағи андак нест.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *