Азизӣ ба ҳизб омад, Фаттоев ба порлумон меравад?

Дар анҷумани Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) Абдуҷаббор Азизӣ, ки муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон буд, муовини аввали раиси ҳизби ҳоким интихоб шуд.

Дар ин анҷуман, ки рӯзи 13 декабр дар маҷмаи “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, Саидмурод Фаттоҳзода аз мақоми муовини аввали раиси ҲХДТ сабукдӯш гардид.

Ба гуфтаи як узи ҲХДТ, ки дар анҷуман ширкат дошт, Саидмурод Фаттоҳзода ба феҳристи ҳизбӣ барои интихоботи порлумонӣ дар соли оянда ворид гардидааст.

Ҳамчунин, дар ин ҳамоиш Раъно Бобоҷониён аз вазифаи муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон барканор ва ба ҷойи ӯ Хайринисо Юсуфӣ интихоб шудааст.

Дар кори анҷумани ҲХДТ беш аз 2 ҳазор нафар вакилон аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.

МАЪЛУМОТНОМА: Абдуҷаббор Азизӣ 23 апрели соли 1955 дар ноҳияи Комсомолобод (ҳозира ноҳияи Нуробод ) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1976 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис, соли 2001 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идоракунии давлатӣ ба итмом расонидааст. Соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯъи «Роли тарбия дар ташаккул ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос» ҳимоя намудааст.Соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲХДТ интихоб гардида, вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт.

Аз соли 2001 то 2014 дар вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо фаъолият намудааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 2014 бинобар таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо таъин гардид.

Оиладор падари 3 фарзанд мебошад.

1 марти соли 2015 ҳамчун вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шудааст.

МАЪЛУМОТНОМА: Фаттоҳзода Саидмурод Самад 15-уми ноябри соли 1958 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст.

Соли 1981 Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскавро хатм кардааст ва даҳ сол баъд, яъне соли 1991 Донишкадаи сиёсатшиносӣ ва идораи иҷтимоии Минскро бо ихтисосҳои журналист, ходими адабии рӯзнома, сиёсатшинос бо дипломати аъло хатм намудааст. 26 июли соли 2007 Мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин шуд. Дар ин симат вай Кароматулло Олимовро иваз кардааст. Аз 22 январи соли 2014 бинобар таҷдид сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин гардид. Аз моҳи декабри соли 2014 инҷониб муовини якуми раиси ҲХДТ мебошад.

Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, доктори илмҳои фалсафа мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *