соли нав

Топ 5 бемории солинавӣ. Барои эмин мондан аз ин касалиҳо чӣ бояд кард?

Соли нав яке аз дӯстдоштатарин идҳои мост. Дил мехоҳад дар шаби соли нав бо аҳли оила сари дастархони пур аз нозу неъмат нишаста, бо тамоми ҳастӣ хурсандӣ кунем, то ки тамоми сол бо шодию нишот гузарад, вале баъзан маҳз дар арафаи соли нав ва ҳатто дар шаби ид бемор шудани яке аз аъзои хонавода хотири ҳамаро озурда месозад. Имрӯз мо дар бораи 5 бемории маъмули солинавӣ ба шумо маълумот медиҳем, то ки ин касалиҳоро пешгирӣ намуда, соли навро бо тани сиҳату вақти хуш истиқбол бигиред.

1. Депрессия дар арафаи ид

Шояд шумо ҳайрон шудед, ки депрессия ба ин ид чӣ алоқамандӣ дорад, охир, соли нав яке аз идҳои хеле пуршӯру шар ва саршор аз шодиву нишот аст!? Бале, дар асл соли нав иди пур аз фараҳу шодию хурсандӣ аст, вале таҷриба нишон медиҳад, ки маҳз дар арафаи соли нав бисёр одамон ба ҳаяҷони руҳӣ ва депрессия гирифтор мешаванд. Киҳо ва чаро дар соли нав ба депрессия гирифтор мешаванд? 

Духтарони бешавҳар

Соли нав иди оилавӣ буда, аксарият онро дар хона ҳамроҳи ҳамсару  фарзандонашон ҷашн мегиранд. Шахсоне, ки синну солашон ба ҷое расидаасту то ҳол оиладор нашудаанд, махсусан духтарони ба қавле “пирдухтар шуда” беҳуда гузаштани боз як соли умрашонро эҳсос намуда, дар арафаи соли нав ба депрессия гирифтор мешаванд.

Одамони бахтшикаста

Шахсоне, ки бо ин ё он сабаб оилаашон вайрон шудааст, дар арафаи соли нав беихтиёр бахти аз даст рафтаи худро ба ёд оварда, ғамгин мешаванд. Дарди ҷудоӣ ва алами танҳо мондан дар ин соли нав одамони бахтшикастаро ба депрессия гирифтор месозад.

Шахсоне, ки азоби бепулӣ мекашанд

Сабаби дигари ба депрессия гирифтор шудан дар арафаи соли нав  бепулӣ ва мушкилоти иқтисодӣ мебошад. Инсон хоҳу нохоҳ охири сол як соли умрашро таҳлил мекунад, ки кадом нақшаҳояш амалӣ гаштанд ва кадом корҳояш нотамом монданд. Як соли дароз аслан ягон кори кас барор нагирифта, бар замми ин, қарздор ҳам гашта бошад, албатта зиқ мешавад. Болои ин ҳама фикри аз куҷо барои харидани туҳфаҳои солинавӣ ва дастархони идона пул ёфтан зам шуда, одамро ба депрессия гирифтор карда метавонад.

Чӣ бояд кард?

Бисёриҳо депрессияро бемории ҷиддӣ намеҳисобанд, вале он метавонад касро ба касалии дил, бехобӣ ва ҳатто саратон гирифтор созад. Мардоне, ки дурудароз дар ҳолати эъсу ноумедӣ қарор доранд, қувваи мардии худро аз даст доданашон мумкин аст, бар замми ин, депрессия боиси майзадагӣ гашта метавонад.

Аз ҳамин хотир, худро ба даст гирифта, барои ҳар майда-чӯйда ғам нахӯред. Имсол шавҳар накарда бошед, шояд соли дигар бахти худро меёбед, ҳамсаратон шуморо партофта бошад, беҳтарашро меёбед, бепул бошед, Худованд албатта аз ягон ҷой ризқу рӯзии шуморо мерасонад. Муҳимаш руҳафтода нашуда, барои беҳтар кардани зиндагиатон талош намоед. Агар шумо танҳо бошед, кӯшиш кунед, ки дӯстони нав пайдо карда, соли навро бо табъи болида пешвоз бигиред, то ки тамоми сол хушбахту хушрӯз гардед.

2. Зуком ва шамолкашӣ

Ҳамасола маҳз дар арафаи соли нав бисёриҳо ба зуком ва шамолкашӣ гирифтор мешаванд. Тавре ҳамагон медонанд, зуком бемории вирусӣ буда, мо дар нақлиёти ҷамъиятӣ, дар мағозаю бозор ё ҷойи кор аз он сироят ёфта метавонем. Як-ду бор атса задани як шахси бемор кофӣ аст, ки чанд нафари дигарро ба зуком гирифтор созад. Албатта ҳеҷ кас намехоҳад, ки соли навро бо оби чашму оби бинӣ ва таби баланди 40% пешвоз бигирад, барои ҳамин бемориро бояд пешгирӣ намуд.

Барои пешгирӣ чӣ бояд кард?

— Либоси гарм пӯшед. Барои ҷашни солинавӣ куртаи сабуки идона фармоиш дода бошед, аз болояш ақаллан то расидан ба базмгоҳ пӯшидани палто ё курткаи гармро фаромӯш накунед.

— Дастонатонро тез-тез бо собун шӯед. Собуни оддии арзонбаҳо низ шуморо аз бактерияҳои зараровар муҳофизат хоҳад кард.

— Ба хотири пешгирии сироятёбӣ аз зуком ва дигар бемориҳои сироятӣ вақти ба кӯча баромадан ё ба мағозаву бозор рафтан ниқоб пӯшед.

— Ба биниатон мази “Оксалин” молед, то шуморо аз сироятёбӣ эмин нигоҳ дорад.

3. Шикастан ва баромадани дасту пой

Ҳар сол дар арафаси соли нав барфи бисёре меборад. Ҳамагон, махсусан хурдтаракон аз боридани барф хурсанд шуда, ба яхмолаку барфбозӣ машғул мешаванд. Албатта барфи сафед рамзи покӣ ва бахти сафед буда, боиси хушҳолию шодиву нишот мегардад, вале дар ин айём бисёр эҳтиёткор будан лозим аст. Аввалан дарахтон бар асари ба болояшон боридани барф решагардон шуда метавонанд, баъдан шӯшаҳои ях, ки аз гӯшаи бомҳо овезон мешаванд, ба сари роҳгузарон афтода, касеро ярадор карданашон имкон дорад. Хатари аз ҳама бузург — ин лағжида афтодан аст, ки дар аксари ҳолатҳо боиси шикастан ё баромадани даст ё пойи одам мешавад. Соли навро бо дасту пойи шикаста пешвоз гирифтан нахоҳед, ба ин қоидаҳо риоя намоед:

— Дар зимистон таг-таги балкон ва боми хонаҳо нагардед.

— Рӯ-рӯи барф қадам зада, кӯшиш кунед, ки поятонро болои ях намонед.

— Аз харидани мӯзаҳои қалампошна худдорӣ намуда, пойафзоли гарм ва пошнааш ғафсе бипӯшед, то ки роҳгардӣ бо он осон ва бехатар бошад. 

4. Арақ нанӯш, бемор мешавӣ!

Аксари мардон бо баҳонаи он ки нӯшидани шароб баданро гарм нигоҳ медорад, пеш аз соли нав аз ҳад зиёд май менӯшидагӣ мешаванд. Ин ба саломатӣ зарар дорад, чунки машруботи бисёр баръакс рагҳои хунгардро васеъ сохта, ҷисм ҳарораташро нигоҳ дошта наметавонад. Соли навро дар ҳушёрхона ё беморхона пешвоз гирифтан нахоҳед, ба ин тавсияҳо риоя намоед:

— Кӯшиш кунед, ки аслан нанӯшед, вале бе шароб наметавониста бошед, миқдори хеле ками машруботро истифода баред.

— Нияти соли навро бо маю шароб пешвоз гирифтан дошта бошед, дастархонатонро бо ғизоҳои каллорияашон баланд, аз қабили гӯштбирён, моҳиҳои равғанин, ҷормағз, тухм, банан ва ширинию хӯришҳои рангоранг пур кунед. Хӯроки серкалория ба ҷисми шумо нерӯ бахшида, барои мубориза бо бемориҳо ёрӣ мерасонад.

5. Заҳролудшавӣ дар соли нав

Боз як бемории дигаре, ки дар соли нав хеле зиёд ба назар мерасад, ин заҳролудшавӣ (отравление) мебошад. Албатта оростани дастархони пур аз нозу неъмат дар шаби ид хуб аст, вале маҳсулоти муҳлати истифодааш гузашта ё зиёд истеъмол кардани хӯрокҳои ҳархела боиси заҳролудшавӣ гашта метавонад. Барои он ки аз дастархони солинавӣ рост ба беморхона наафтед, ба ин қоидаҳо риоя намоед:

— Ҳамаи ғизоҳои дар рӯйи дастархон бударо пай дар пай ба даҳон бурдан нагиред, чунки хӯрокҳои ҳархела шуморо ба дарунрав гирифтор карда метавонанд.

— Баднафсӣ накунед, хӯроки аз меъёр зиёд на танҳо ба меъда, балки ба дил ҳам фишор меорад. Шаби соли нав дароз аст ва шумо имкон доред, ки то субҳ кам-кам аз ҳар навъи хӯрок чашед.

— Намудҳои гуногуни машруботро омехта накунед. Арақ нӯшида бошед, аз болояш коняк ё пиво нанӯшед. Фаромӯш накунед, ки бе газак нӯшидани машрубот зарар дорад. Тавонед тамоман маю шароб нанӯшед! Бовар кунед, ҳушёр ва солим пешвоз гирифтани ид аз маст шуда, атрофиёнро нороҳат кардан сад бор беҳтар аст!

Ин буд тавсияҳои кӯтоҳи мо барои ҳифзи саломатии шумо. Боқӣ, хушбахту хушрӯз бошед! Соли наватон муборак!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *