латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Сартарош

Панҷ дақиқа пеш аз фарорасии соли нав марде ба сартарошхона меравад. Вақте сартарош ба рӯйи мард мағзоба мемолад, мард аз бӯйи машрубот дарк мекунад, ки сартарош базӯр дар пояш истодааст ва бо садои ларзон мегӯяд:

— Шумо маст ҳастед. Боз бо ҳамин теғ гулӯямро набуред…

Сартарош мегӯяд:

— Ту натарс… Фақат ба ман нишон деҳ, ки манаҳат дар куҷо аст, тамом.

Туҳфаи шавҳар

Зане аз дугонааш мепурсад:

— Мадина, шавҳарат дар зодрӯзат чӣ туҳфа кард?

Зан мегӯяд:

— Ҳо ана он мошини дар берун истодаро мебинӣ?

Дугонаи зан ба тааҷҷуб омада:

— Мебинам…

Зан:

— Ҳамранги ҳамон мошин ду ҷуфт ҷӯроб туҳфа кард.

Тарабхона

Марди зихнае ба бонуи дӯстдоштааш мегӯяд:

— Садбарг, биёед ба музей меравем?

Садбарг мегӯяд:

— Султон, магар шумо калимаи “тарабхона”-ро талаффуз карда наметавонед?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *