Тошканд низои Афғонистонро ҳал мекунад?

Узбекистон пешниҳод кард, ки дар байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон музокироти сулҳ баргузор шавад.

Матбуот менависад, ки ин иқдом метавонад Тошкандро ба бозигари ҳалли низои тӯлкашидаи Афғонистони ҳамсоя табдил диҳад.

«Мо омодаем барои ҳар марҳилаи раванди сулҳ шароит фароҳам кунем, дар қаламрави Узбекистон гуфтугӯи мустақими Толибонро бо ҳукумати Афғонистон ба роҳ монем» — гуфт президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар нишасти матбуотии Тошканд, ки Ашраф Ғанӣ ҳам дар он иштирок дошт.

Президенти Узбекистон талош дорад кишварашро баъди даҳсолаҳои дар инзиво будан ба рӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ боз кунад ва роҳро барои сармояҳои хориҷӣ ҳамвор намояд.

Дар нишасти Тошканд ҳамчунин раҳбари бахши хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Моғеринӣ ва як қатор вазирони хориҷӣ, бо шумули вазирони Русия, Туркия ва Чин иштирок доштанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *