«Тойота-Кемри”-и дуздӣ ба даст уфтод
Марзбонони Русия дар марзи вилояти Астрахан бо Қазоқистон як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми мошиндуздӣ дастгир кардаанд. Ҳангоми тафтиш маълум шуд, ки мошини «Тойота-Камри”-е, ки ӯ мехост аз марз гузаронад, чанд қабл аз вилояти Маскав дуздида шудааст.
Раёсати марзбонии ФСБ Русия дар ҷумҳурии Қалмиқистон ва вилояти Астрахан аз ҷилавгирӣ шудани як талоши ба Осиёи Марказӣ бурдани мошини дуздӣ хабар дод.
Дафтари матбуоти ин ниҳоди марзбонии Русия гуфт, марзбонон дар марзи вилояти Астрахан бо Қазоқистон як мошини машкуки «Тойота-Камри”-ро манъ карданд. Рафтори ронандаи мошин, ки шаҳрванди Тоҷикистон буд, ва ҳамчунин асноди ин воситаи нақлиёт шубҳаи марзбононро барангехт. Санҷиш маълум кард, ки ин шакку шубҳа беасос набудааст.
Дар дафтари матбуоти Раёсати марзбонии ФСБ Русия дар ҷумҳурии Қалмиқистон ва вилояти Астрахан рӯзи 5 декабр ба сомонаи «Ахбор” гуфтанд: «Маълум шуд, ки асноди сабти мошин ва полиси суғуртааш қалбакӣ будааст. Санҷиш нишон дод, ки ин мошинро дар аввали моҳи ноябр дар ҳудуди вилояти Маскав рабудаанд ва бояд барои фурӯш ба яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мебурданд. Соҳиби ин мошин як зан будааст. Ӯ дуздида шудани мошинашро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин «Тойота-Камри”-ро бо қарзи бонк харида буд.”
Зане, ки мошинашро баъди як моҳ дар марз пайдо карданд, ин хабарро беҳтарин тӯҳфаи солинавӣ номида, ба марзбонон барои чунин ҳушёрӣ изҳори сипос кардааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ