Театри миллии Тоҷикистон аз андоз озод шуд

Фармоишгар ва паймонкори кулли сохтмони Театри миллии Тоҷикистон соли 208 аз пардохти андоз озод карда мешаванд. Бунёди бузургтарин театр дар Осиёи Марказӣ дар қисмати марказии пойтахт идома дорад.

«Соли 2018 иҷрои корҳо ва хизматгузории фармоишгар ва паймонкори кулли сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва андоз аз даромад озод карда мешаванд», — гуфта мешавад дар қонуни «Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018».

Театри оянда дар паҳлӯи Осорхонаи миллии Тоҷиистон, дар қаламрави боғи «Парчами давлатии Тоҷикистон» қомат афрохта, барои сохтмони он ҷудо гардидани 680 млн. сомонӣ маблағ дар назар аст.

Бунёди театр моҳи марти соли 2015 оғоз гардида, аз он замон бинокорони театр ҳамасола аз пардохти андозҳо озод карда мешаванд. Иншооти мазкур ба рӯйхати «махсусан муҳим» дохил буда, ҳамасола бо қарори ҳукумат, воридоти масолеҳи сохтмон ва таҷҳизот барои он аз ААИ ва боҷҳои содиротӣ озод мешавад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Театри миллии Тоҷикистон соли оянда ба нақша гирифта шудааст.

Бинои Театри миллӣ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошанд.

Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *


Featured Video Play Icon
"Тойота-Кемри”-и дуздӣ ба даст уфтод
-->

Ба боло