Трамп мусулмононро ба Амрико роҳ намедиҳад
Кохи Сафед гуфт, Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 6-уми март фармони наверо имзо мекунад, ки вуруди сокинони чанд кишвари умдатан мусулмоннишин ба Иёлоти Муттаҳидаро манъ мекунад. Айни фармони қаблии ӯро додрасҳои Амрико беэътибор карда буданд.
Келин Конвей, як дастёри баландпояи ҳукумати Амрико рӯзи 6-уми март дар барномаи “Фокс энд Френдс”- и телевизиони Фокс нюс таъйид кард, ки қарор аст, фармони нав рӯзи 6-уми март имзо шавад. Ба гуфтаи ӯ, фармони нав бояд аз рӯзи 16-уми март ҳукми иҷро бигирад ва дар ва он “бисёр возеҳ аст” ва онҳое, ки ҳаққи қонунии иқомат дар Амрикоро доранд, аз ҳаққи вуруд ба кишвар маҳрум намешаванд.
Фармони аввали Доналд Трамп аз рӯзи 27-уми январ шаҳрвандони 7 кишвари умдатан мусулмоннишинро барои 90 рӯз аз ҳаққи вуруд ба Амрико маҳрум мекард. Бар асоси он қабули паноҳҷӯён барои 120 рӯз муттавақиф мешуд ва қабули паноҳҷӯён аз Сурияро барои муддати номаълум манъ мекард. Фармони мазкур ба шаҳрвандони Эрону Ироқ, Сомалӣ, Судон, Яман, Сурия, Либия дахл дошт. Ҳоло бино ба гузоришҳо Ироқро аз он берун кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ