Трамп: Омилони кушторҳои дастаҷамъӣ ба ҳукми қатл маҳкум шаванд
Президенти ИМА Доналд Трамп 5 август дар вокуниш ба тирпарониҳои Огайо ва Техас ба таҳияи қонуне дастур дод, ки барои анҷомдиҳандагони кушторҳои дастаҷамъӣ бар пояи бадбинӣ ҳукми қатл пешбинӣ мекунад.
«Ба Вазорати адлияи ИМА дастур медиҳам, қонунеро таҳия кунад, ки барои содиркунандаҳои ҷиноят дар асоси бадбинӣ ё куштори дастаҷамъӣ ҳукми қатл пешбинӣ мекунад. Ин сангинтарин муҷозоте хоҳад буд, ки зуд ва бидуни таъхиркорӣ иҷро хоҳад шуд», — гуфт президенти ИМА ҳангоми суханронӣ дар Кохи сафед.
Маъмурияти Трамп чанде пеш ҳукми қатлро дар ИМА дар сатҳи федеролӣ барқарор кард. Ин ҳукм нисбати қотилон ва террористҳо, вале на дар ҳама иёлатҳо иҷро хоҳад шуд. Бар асоси қонун, агар яке аз айбдоршавандаҳо ба сангинтарин ҷазо маҳкум шавад, ҳукумати федеролӣ масъулияти иҷрои онро бар зимма хоҳад гирифт.
Трамп ҳамчунин дар робита ба ҳодисаҳои Огайо ва Техас дар ИМА мотам эълом карда, дастур дод, ки талаботи қонунгузорӣ дар робита ба силоҳ сангинтар карда шавад. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, шахсоне, ки ба ҷомеа хатар доранд, набояд ба силоҳ дастрасӣ дошта бошанд. Дар тирпарониҳои Огайо ва Техас дасти кам 29 кас кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.
Баъзе аз расонаҳо ва сиёсатмадорон Трампро айбдор карданд, ки маҳз сиёсати ӯ боиси тирпаронӣ дар Эл-Пасо шудааст. (Ҳамлагари 21-сола Патрик Крузиус зодагони Амрикои Лотиниро ҳадаф қарор дода, гуфт, «ҳуҷуми Амрикои Лотинӣ» ба ИМА бояд пешгирӣ карда шавад).
Бинобар ин, Трамп афзуд, ки барои «бадбинӣ дар Амрико ҷой нест. Ӯ гуфт, «мардуми мо бояд бо як овоз таҳаммулнопазирӣ ва нажодпарастиро маҳкум кунанд».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ