Туҳфаи беҳтарин дар 23-юми феврал

Ҳамасола 23-юми феврал ҳамчун «Рӯзи артиши миллӣ» таҷлил карда мешавад. Аслан, ин ҷашн ба шарафи нафаронест, ки дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ хизмат мекунанд ё умуман низомӣ ҳастанд, вале маъмулан онро ҳамчун иди мардон таҷлил менамоянд. Ҳар сол дар арафаи ин ид занону духтарон ба ташвиш меафтанд, ки ба падар, бародар, ҳамкор, шавҳар ва ё марди дӯстдоштаашон чӣ туҳфа кунанд.  Мо дар ин кори хайр ва пурнишот ба бонувон ёрӣ мерасонем.

Интихоби туҳфа

Интихоби туҳфа кори саҳл нест, хусусан барои бонувоне, ки барои чанд нафар туҳфа харидан мехоҳанд. Албатта кас мехоҳад, ки туҳфаи интихобкардааш ҳам даркорӣ бошаду ҳам табъи дил, вале барои иштибоҳ накардан, табъу завқи худи мардро ба эътибор гирифтан лозим аст.

Китоб туҳфа кунед, агар…

Марде, ки шумо дар рӯзи артиши миллӣ хотирашро бо туҳфаяке шод гардонидан мехоҳед, агар олим, нависанда, журналист ва умуман шахси бафарҳанг бошад, метавонед ба ӯ китоб туҳфа намоед. Ин тоифаи мардон дар вақтҳои холигиашон китоб мехонанд ва асари баландмазмун барояшон туҳфаи беҳтарин хоҳад гашт. Ба мардҳое, ки дар умрашон китобро ба даст намегиранд, китоб туҳфа накунед, вагарна ба ҳолатон механданд.

Май бошаду кунҷе, ки…

Май-туҳфаи хубест барои мардоне, ки дӯстдори шароб ва нӯшокиҳои дилхушкунанда ҳастанд. Ба пайрави Умари Хайём будани марде, ки барояш туҳфа мекобед, шубҳа надошта бошед, метавонед бе дудилагӣ барояш коняк, «виски», «сакэ», май ё пиво харидорӣ намоед.

Таҷҳизоти компютерӣ

Таҷҳизоти компютериро танҳо дар сурате интихоб намоед, ки шумо ба кадоме аз қисматҳои даркории техникаи муосир ниёз доштани мардро медониста бошед. Мушаки компютер ё клавиатураи нав ҳамеша айни муддао ҳастанд. Туҳфаи дигари муфид, ки дӯстдорони компютерро ба ваҷд меорад, диски сахти беруна (внешний жесткий диск) мебошад. Айнакҳои махсусе, ки нури чашмро эҳтиёт мекунанд, барои марде, ки рӯзи дароз дар паси монитори  компютер мешинад, туҳфаи хубе хоҳад гашт.

Туҳфа барои шавҳар

Мусаллам аст, ки ҳар як зан табъу завқи шавҳарашро хеле хуб медонад ва дар интихоби туҳфа набояд душворӣ кашад. Зани боандеша дар арафаи ид барои мардаш ягон либоси нав мехарад. Бо мо ҳамфикр бошед, курта, свитер, халати ҳаммом, ришгирак ё маҳлулҳои саршӯӣ харидорӣ намоед.

Туҳфаи ошиқона

Шумо ҷавонеро дӯст медоред, вале ҳанӯз риштаи тақдиратонро бо ӯ расман напайвастаед? Дар ин ҳолат метавонед ба дӯстдоштаатон  ҳамён -портмоне, бокал барои коняк, шарф ё шоколад туҳфа намоед. Ин туҳфаҳои нозук рамзӣ буда, то кадом андоза барои шумо азиз будани ин шахсро нишон медиҳанд.

Бо умеди моҳии тилло

Зан шуғли дӯстдоштаи мардро медониста бошад, интихоби туҳфа хеле осон мешавад. Ба мардони сайёр метавон шасти хуби моҳидорӣ, корди махсус барои буридани моҳӣ, анбур ва қуттичаҳои қуллайро  барои гирифтани моҳӣ ҳадя намуд. Фақат бо ин туҳфаҳо шумо бояд ягон мусаввари махсусро низ ҳамроҳ намуда, дар он орзуву таманниёти худро баён намоед. Метавонед нависед, ки шасти моҳидориро ба умеди он ки рӯзе моҳичаи тиллоӣ тамоми орзуҳои бузурги ӯро амалӣ месозад, барояш ҳадя мекунед…

Ошиқи аспи оҳанин

Аксарияти мардҳо мошинро ҳатто аз зану фарзандонашон бештар дӯст медоранд. Марде, ки шумо барояш туҳфа харидан мехоҳед, агар ошиқи автомобил бошад, бо дидани овезаи махсусе аст, ки фишорро дар чархи мошин чен карда, қулфи яхзадаро об мекунонад, бениҳоят хурсанд хоҳад гашт. Ба мардҳои ронанда болиштпӯшаки маҳскунанда ва болишти ортопедӣ барои нишастгоҳи мошин низ бисёр хуш меояд. Аз ҳама муҳимаш чунин туҳфаҳо аз ғамхориву меҳрубонии шумо нисбат ба ин мард далолат медиҳад.

Туҳфа барои падар

Туҳфае, ки шумо барои падаратон интихоб менамоед, бояд муҳаббату ғамхории фарзандонаи шуморо нисбат ба қиблагоҳатон таҷассум намояд. Аз ҳамин хотир, ба падар чизеро тақдим намоед, ки ба он ниёз дошта бошад. Шиму костюм, куртаи зебо, халати гарм ё ҳеҷ набошад, маҳлули ришгирак. Падаратон моҳидориро дӯст медошта бошад, барояш моҳиқапаки нав, термоси оҳанин, ҷувздон-яхдон ё курсии ҷамъшаванда бихаред. Барои падару бобоҳое, ки дар ҳавлӣ пухтани сихкабобро дӯст медоранд, кураи кабобпазӣ, сихҳои сихкабоб, панҷара барои пухтани грил туҳфаи дилхоҳ ва олиҷаноб хоҳанд гашт.

Атр туҳфа кунед

Муҳим нест, ки туҳфа ягон чизи хотиравӣ бошад, шумо метавонед, барои театр, опера, кино ё консерт чипта харида, онро тақдим намоед. Атри қиматбаҳо ва спа-салон низ туҳфаи арзанда ба шумор мераванд.

Туҳфа ба ҳамкасбу ҳамкор

Ба мардҳои ҳамкоратон метавонед овезаву магнит, туҳфаҳои ҳазлӣ, қадаҳи дастадор ё набори кисагиеро, ки барои тоза кардани пойафзол пешбинӣ шудааст, интихоб намоед. Шишаи хурди коняк ва шоколад, қаҳва, чойи хушбӯй ва торти идона ба ҳар як мард хуш меояд. Барои мардҳои ҳамкор китобчаи қайдҳои ручкадор, китобчаи ҳаррӯзаи чармин, диски мусиқии ҷолиб ё кино низ туҳфаи хубест.

Фаромӯш насозед, ки туҳфа муҳим нест. Аз ҳама муҳимтараш дар рӯзи ид ҳусни таваҷҷуҳи шумо ба мард аст. Вақте ки шумо ба марде аз самими қабл чизеро ҳадя намуда, суханҳои ширин мегӯед ва орзуҳои нек мекунед, мард аз ин меҳрубонӣ хурсанд шуда, ғамхории шуморо албатта қадр мекунад.

Таҳияи Нодира

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *