Туфайлихӯрӣ ҳоло низ умед аз он накандаем

Муносибати туфайлихӯрӣ (иждивенчество)-ро дар ниҳоди одамони замони шӯравӣ давлату ҳукумат ва ҳизби коммунист ҷой карда буд. Адолати иҷтимоӣ, ки воқеан маҳаки сохти сотсиалистӣ буд, бепул табобат мекард, ройгон аз ҳисоби давлат мехононд, оилаҳои серфарзандро ҷубронпулӣ медод, роҳхати арзонтарин ба осоишгоҳу шифохонаҳо ҷудо мекард, бо маънои том, мардумро туфайлихӯр намуда буд. Мардум барои ҳалли мушкилоти ночизи рӯзгори худ аз иттифоқҳои касабаи ҷойи кор ё сохтору ташкилоти ҳукуматӣ дасти мадад медид. Додшунав ҳам дошту додрас ҳам.
Тамоили туфайлихӯрӣ, мутаассифона, дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистони навин арзи ҳастӣ дорад. Сабабаш, ба маротиб косташавии адолати иҷтимоӣ дар ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократии кишвар мебошад. Иттифоқҳои касаба, ки ҳоло низ аз ҳар як шаҳрванди кор мекардагӣ ҳаққи аъзогӣ меситонад, дигар гӯши шунавои аъзоёнашро надорад, хизмати тиббӣ ва хондан пулакӣ шудаанд. Фоизи муайяни аҳолӣ ҳатто дар баргузории тӯйҳои суннатӣ дасткӯтоҳ буда, умед ба хайрхоҳӣ ва маблағгузории соҳибкорону сарватмандон мебанданд. Рост аст, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар замон соҳибистиқлолӣ садҳо ҳазор писаракон аз оилаҳои камбизоат хатнасури коллективонаро дидаанду даҳҳо ҳазор ҷуфт оилаҳои нав барпо намудаанд. Ин омилҳо рафта-рафта боиси афзоиши омили туфайлихӯрӣ дар байни баъзе мардум гашта, 400-500-сомониро маош ҳам намеҳисобанд. Умед ба хайру саховати дигарон баста, аз ин гуна маош ор мекунанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки мардуми малӯл ба умеди туфайлихӯрӣ нашуда, дар хонаву коргоҳе ба меҳнат машғуланд, аммо туфайлихӯр дар панаҳи малӯли хонавода рӯз мегузаронад. Туфайлихӯрон ҳатто аз офатҳои табиӣ, ки дар ин ё он мавзеи кишвар сар зада, боиси ҳисорот мешаванд, истифода мебаранд. Роҳбарияти КВД «Тоҷиксуғурта» ҳангоми нишасти матбуотии ниҳоди мазкур иброз намуданд: «То имсол ба ҳамаи зарардидагони офатҳои табиӣ, новобаста аз он ки ҳаёт ё амволи худро суғурта кардаанд ё не, мо кумаки пулӣ мерасондем. Пас мушоҳида кардем, ки сафи суғурташавандаҳо коҳиш шудан дорад, қарор додем дигар кумакпулӣ нарасонем».
Ҷомеаи имрӯзаи мо барои туфайлихӯрон набуда, ашхоси меҳнатдӯсту мушкилнописанд сарбаланданду дастнигари касе нестанд. Туфайлихӯрро имрӯз ҳама тамасхур мезананд…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *