Ҳарорати ҳаво имрӯз баландтар мешавад

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 18 август дар  Тоҷикистон ҳавои камабри тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар то 2 дараҷа баландтар мегардад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 9-14 ва рӯзона 28-33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ҳамин вилоят гармии ҳаво шабона ба 1-4 ва рӯзона ба 16-21 дараҷа мерасад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр гашта, гармии ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад. Ҳавои  вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона ба 13-18 ва рӯзона ба 31-36 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр шуда, ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона  32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда шуда, шабона 12-14 ва рӯзона  34-36 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *