«Тугмаи хатар» талаботи ҳатмӣ барои ҳамаи мошинҳост

Аз 1 январи соли 2017 дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё талаботи насби ҳатмии «тугмаи хатар» дар воситаҳои нақлиёт ба иҷро даромад. Сухан дар бораи мошинҳои истеҳсол ё воридотии кишварҳои АвруОсиё меравад. Бино ба иттилои комиссияи иқтисодии АвруОсиё, ин талабот ба мошинҳое, ки то ба иҷро даромадани қоидаи нав ворид ё истеҳсол шудаанд, дахл надорад.

Дар сурати рух додани садама «тугмаи хатар» ба таври автоматӣ ё баъди пахш ба хадамоти дахлдор хабар хоҳад расонд, ки дар натиҷа гурӯҳи фаврии наҷотдиҳандагон, аз ҷумла тиббӣ ба макони ҳодиса сафарбар мешавад. Ба иттилои Вазорати саноат ва савдои Русия, маъруфтарин ширкатҳои мошинсозӣ, аз ҷумла Лада, Hyundai, KIA, Renault ва Volkswagen то BMW, Mercedes, Porsche, Bentley ва Rolls Royce, ки маҳсулоти худро ба кишварҳои АвруОсиё ворид месозанд, ин талаботро иҷро кардаанд ё мекунанд.

Талаботи мазкур ба мошинҳое, ки аз сӯи шахсони воқеӣ аз кишвари севум ворид карда мешаванд, низ дахл дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *