Маблағи ҷаримабандӣ  афзуд

Дар Тоҷикистон ҳаҷми ҷарима ва ҳама гуна пардохтҳои ҳатмии давлатӣ боло рафт. Ҳаҷми ҷарима ва ё пардохтҳои давлатӣ тибқи «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» шумурда мешавад ва андозаи ин нишондиҳанда аз соли нав аз 40 сомонии қаблӣ то ба 50 сомонӣ боло бурда шуд.

Ҳаҷми нави «нишондиҳанда барои ҳисобҳо» дар қонуни буҷаи Тоҷикистон барои соли 2017 муқаррар шудааст, ки аз тарафи вакилони порлумон дар поёни соли гузашта тасдиқ шуда, ҳоло ба иҷро даромад. Бар асоси ин нишондиҳанда, ҳама намуди ҷарима – шурӯъ аз вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, то ҷарима барои ҷиноятҳои сабук – ҳисоб карда мешавад.

Баъзе намудҳои боҷи гумрукӣ ва андозҳо низ тибқи қонун аз рӯи нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт мешавад. Бо боло рафтани мизони ин нишондиҳанда баъзе навъи пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳо низ боло меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *