Ғалаба муборак, Наимҷон!

Рӯзи 30 –юми декабри соли 2016 даври аввали озмуни
“Ягона аз даҳгона” ҷамъбаст карда шуд

Хонандагони азиз! Тавре ки огоҳӣ доред, як моҳ қабл сомонаи “Tajikistantimes.com” барои муайян намудани рейтинги сарояндагон, ҳаҷвнигорон, ровиён, актёрҳои театру кино ва дигар шахсиятҳои шинохта озмуни ”Ягона аз даҳгона”-ро эълон намуда буд.  Даври аввали озмун дар байни сарояндагони жанри эстрада баргузор гашт. Ҳунармандони машҳури кишварамон Садриддини Наҷмиддин, Шабнами Сурайё, Ҷонибеки Мурод, Манижаи Давлат, Шаҳзоди Даврон, Нозияи Кароматулло, Наимҷони Сайдалӣ, Зулайхо Мамадшоева, Шаҳриёри Давлат ва Мино дар ин даври озмун байни ҳам рақобати шадид доштанд. Интизор мерафт, ки дар ин озмун Садриддини Наҷмиддин ё Шабнами Сурайё ғолибият ба даст меоранд, зеро ин ду ҳунарманд натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ мухлисони бешумор доранд, вале аз рӯзҳои аввали озмун овоздиҳии муштариён дар сомонаи “tajikistantimes.com” нишон дод, ки сарояндаи ҷавон, ҳофизи дарду доғи муҳоҷирони тоҷик Наимҷони Сайдалӣ дар байни мардум маҳбубияти бештар дорад.

Мухлисони Манижаи Давлат, Ҷонибеки Мурод, Зулайхо Мамадшоева, Шаҳзоди Даврон , Мино ва дигар ҳунармандон хеле кӯшиш карда бошанд ҳам, садди роҳи аспи пештози Наимҷони Сайдалӣ гашта натавонистанд. Садриддини Наҷмиддин 375,  Манижаи Давлат 350, Шабнами Сурайё 245, Шаҳриёри Давлат 550, Зулайхо Мамадшоева 266, Нозияи Кароматулло 215,  Шаҳзоди Даврон 180 ва Мино ҳамагӣ 155 овоз гирифта, барои ғалаба ба Наимҷони Сайдалӣ роҳро васеъ кушоданд ва ин ҳунарманди ҷавон бо 997 овоз аз байни 10 довталаби озмун ғолиби ягона гашт.

Мо Наимҷони Сайдалиро бо ғалаба дар озмуни “Ягона аз даҳгона” аз номи тамоми мухлисон ва хонандагони ҳафтаномаи “Оила” муборакбод гуфта, барояш парвозҳои баланди эҷодӣ ва шуҳрату бахту барор орзу мекунем.  Тибқи ваъда рӯзи 6-уми январ аз соати 13.00 то 13.00 ҳафтаномаи “Оила” бо ғолиби озмун “Гуфтугӯи мустақим” барпо менамояд. Танҳо дар ин рӯз Наимҷони Сайдалӣ тамоми сиру асрори ниҳони дилашро, ки то кунун ба касе нагуфта буд, ба шумо кушояд.

-Мехохед, донед, ки Наимҷони Сайдалӣ баъди оиладор шуданаш чӣ ҳодисаҳоро аз сар гузаронд?

-Донистан мехоҳед, ки душмани ҷонии Наимҷони Сайдалӣ кист?

-Чаро Наимҷон ва Баха-84 ҳамдигарро чашми дидан надоранд?

-Наимҷонро кадом мухлисаш ба корд зад?

-Рост аст, ки  Наимҷонро барои милисаро корд заданаш чанд рӯз дар боздоштгоҳ нигоҳ доштанд?

-Мехоҳед фаҳмед, ки пулҳои Наимҷонро кӣ дуздид?

Ба ин ва дигар саволҳо посух гирифтан хоҳед, фурсати қулайро аз даст надода, рӯзи 6-уми январ, соати 13.00 ба идораи ҳафтаномаи “Оила” биёед ё тариқи телефонҳои зерин занг зада, ба тамоми саволҳои худ мустақиман аз Наимҷони Сайдалӣ ҷавоб бигиред. Телефонҳои 238-53-35, 238-52-52 ва 985-81-89-81 дар хизмати шумо қарор мегиранд. Занг занед ва аз сирру асрори Наимҷони Сайдалӣ бохабар шавед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *